Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Кохи Сомон 8-умин форуми глобалӣ оид ба молияи исломӣ бахшида ба мавзӯи «Нақши молияи исломӣ дар рушди давлатҳои аъзои Бонки Исломии Рушд аз Осиёи Марказӣ» бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва Президенти Бонки Исломии Рушд ҷаноби Аҳмад Муҳаммад Алӣ Ал-Маданӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, мақсади форуми мазкур ба баррасӣ ва матраҳ намудани кулли масъалаҳо вобаста ба молияи исломӣ дар ҷаҳон, истифодаи дастовардҳои мавҷуда, муайян намудани афзалиятҳову роҳҳои нави тавсеа, натиҷабарӣ ва пайгирии қадамҳои минбаъда дар ин самт нигаронида шудааст.
Дар ифтитоҳи форум Раиси Кумита Давлаталӣ Саидов доир ба моҳияти кунунии масъала мушаххасан баён намуд, ки ҷаҳонишавии бозори молияи ҷаҳонӣ водор месозад аз ҷараёнҳо ва нақшҳои муҳими он дар низоми молияи ҷаҳонӣ бархурдор бошем. Зеро, равандҳои молиявии ҷаҳонӣ хусусиятҳои ба худ хос дошта, метавонад омили асосию муҳими инкишофу равнақ додани муносибатҳои иқтисодӣ гардад.
Дар ин замина, зикр карда шуд, ки яке аз чунин равияҳо молияи исломӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми буҳрони молиявию иқтисодӣ матонати худро бараъло нишон дода, таваҷҷўҳи давлатҳо, созмонҳои молиявию бонкҳои байналмилалиро ба худ ҷалб намудааст.
Дар форум иттилоъ додашуд, ки бо мақсади татбиқ ва ҷорӣ намудани молияи исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Њукумати мамлакат корҳо оѓоз гардида, бонкҳои кишвар дар ҳамкорӣ бо Гурўҳи Бонки Исломии Рушд қадамҳои аввалинро дар пешкаш намудани якчанд намудҳои бонкдории исломӣ ба роҳ мондаанд ва дар ин равандҳо саҳми назарраси худро сохторҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ гузошта истодаанд.
Ҳамзамон, дар ифтитоҳи форум Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ Ал-Маданӣ суханронӣ намуда, оид ба моҳият ва имконоти молияи исломӣ барои рушди давлатҳои аъзои Бонки Исломии Рушд аз манотиқи Осиёи Марказӣ маълумот дод.
Дар назар аст, ки Форуми имрўза ҷиҳати равнақ додани молияи исломӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун такони ҷиддӣ баромад намуда, ба ҷараёни робитаҳои мутақобилан судманди байниминтақавӣ як нерўи тоза бахшад.
Ҳамчунин дар Кохи Сомон дар чаҳорчӯбаи Вохӯрии 38-уми ҳарсолаи Шўрои Мудирони Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарию фаъолияти ҳамоҳангсозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов як зумра чорабиниҳо, аз қабили Форуми 8-уми глобалӣ оид ба молияи исломӣ, Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи созмонҳои миллии молиявӣ оид ба рушд, Форуми Бонки Исломии Рушд оид ба рушди созмонҳои ҷавонҳо, ҷаласаи Шӯрои Директорони иҷроияи ва як қатор семинару ҷаласаҳои дигар баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, дар Толори амфитеатр Форуми 2-юми ҳарсолаи рушди созмонҳои ҷавонон дар мавзўи «Роҳҳои навин дар ҳалли масоили шуғли ҷавонон» бо мақсади пешниҳод ва муаррифии дарёфтҳои навини сиёсӣ, стратегӣ ва лоиҳаву барномаҳое, ки барои пешбурди муваффақи шуғли ҷавонон дар давлатҳои узви Бонки Исломии Рушд ва дигар кишварҳои дунё мусоидати воқеӣ хоҳанд намуд.
Дар Форуми мазкур, ки бо усули ҳамоиши мизгирд сурат гирифта буд, як қатор мутахассиони соҳавии ташкилоту мақомотҳои ватаниву хориҷӣ дар мавзўҳои «Истифодаи инноватсионии Вақф барои таъмини шуғли ҷавонон», «Ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати пешбурди шуғли ҷавонон», «Сиёсати навини шуғли ҷавонон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон» ва ғайра суханронӣ карда, дар мавриди масъалаи маърўзавӣ мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои муосири мусбиро муаррифӣ ва тақдим намуданд.
Зимни Семинари муштараки Ассамблеяи генералии давлатҳои исломӣ ва Ассамблеяи генералии созмони машваратчиён аз давлатҳои исломӣ – «Пешниҳодоти инноватсионӣ дар саноати сохтмонӣ дар давлатҳои аъзоёни Бонки Исломии Рушд» аз ҷониби як қатор маърӯзачиён дар мавзўъҳои «Беҳбудии татбиқи лоиҳаҳо тавассути афзоиши ҷабҳаҳои ҳамгироӣ», «Мушкилиҳо ва ҳалли инноватсионии онҳо дар мавриди татбиқи лоиҳаи сохмони роҳи автомобилгарди Кўлоб-қалаихумб, қисмати роҳи Шӯрообод-Шоғон» ва ғайра маълумоту тадқиқотҳо ба диққати иштирокчиёни семинар расонида шуданд.
Ҳамзамон, дар Семинари «Маблағгузории инноватсионӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ», ки дар нимаи дуюми рӯз шурўъ ёфт, як қатор масъалаҳои муҳим матраҳ шуд. Аз ҷумла, дар мавриди муаррифии мавзўи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва имкониятҳо барои маблағгузории инноватсионӣ мушкилоту масъалаҳои мубрами соҳаи маориф ва имконоту натиҷаҳои пешбурди соҳа барои рушди комили давлатҳои узви Бонки Исломии Рушд бо дарназардошти ҷорӣ намудани чораҳои навини хоси замони муосир мавриди муколама ва таҳлил қарор гирифта шуданд.


