Сангандозии як тоҷик ба бинои сафорати Бразилия дар Маскав

Як зодаи Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум бинои сафоратхонаи Бразилияро дар Маскав мавриди сангандозӣ қарор дода, боздошт ва ба мақомоти пулис мунтақил гардидааст. Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яз зодаи Осиёи Миёна бо сабаби номаълум ба бинои сафоратхонаи Бразилия дар Маскав сангандозӣ намуда, дари ин биноро хароб кардааст. […]


Як зодаи Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум бинои сафоратхонаи Бразилияро дар Маскав мавриди сангандозӣ қарор дода, боздошт ва ба мақомоти пулис мунтақил гардидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо такя ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яз зодаи Осиёи Миёна бо сабаби номаълум ба бинои сафоратхонаи Бразилия дар Маскав сангандозӣ намуда, дари ин биноро хароб кардааст. Айни замон масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин далел мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Точикистон дар Русия ахбори расонаҳои русиро дар бораи он ки гӯё шаҳрванди Тоҷикистон ба сӯйи дарвозаи Сафорати Бразилия дар Маскав санг партофтааст, мавриди таҳқиқу тафтиш қарор додааст.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, то замони пурра дақиқ намудани ҷузъиёти ин ҳодиса ва маълум кардани он ки воқеан ин шаҳрванд табааи кишвари мост, иловатан чизе наметавон гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, бинои сафорати Бразилия дар як минтақаи марказии пойтахт, дар шафати бинои сафоратхонаҳои дигар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар фосилаи начандон дури миёни биноҳои сафорат ва консулгарии Тоҷикистон карор дорад.

«Мо бо Бразилия муносиботи хуб дорем ва аслан миёни кишварҳои мо мушкиле мавҷуд нест. Бинобар ин, бо эътимоди бештаре метавон тахмин зад, ки агар ин амали ноҷоро воқеан шаҳрванди мо карда бошад, он ҳаргиз ҷанбаи сиёсӣ нахохад дошт. Ҳарчанд, ки то ба ҳол на аз сафорати Бразилия ва на аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба сафорат ахбори расмӣ ворид нагардидааст, бовар дорам имрӯз ин масъала рӯшан хохад шуд», – иброз медорад М.Эгамзод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.