Як қатор вохӯриҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин омад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баробари ворид шудан ба шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти судбахш бо роҳбарони як зумра сохторҳои давлатии Чин анҷом дод. Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Чайна глобал […]


Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин омад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баробари ворид шудан ба шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти судбахш бо роҳбарони як зумра сохторҳои давлатии Чин анҷом дод. Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Чайна глобал Хуан Ҷянжун ва президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ Ван Хайтао масоили рушди ҳамкорӣ доир ба густариши истеҳсолот дар ширкати муштараки кӯҳкории Тоҷикистону Чин Зарнисор ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ширкати Чайна глобал тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди ширкати муштараки Зарнисор беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд. Шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин ширкатҳо тавсия дод, ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба конҳои нави маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.

Зимни мулоқот бо президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ доир ба афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон гуфтугӯй сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 6 соли кор дар кони  Зарафашон дар ин ҷо беш 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст.

То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва шумораи коргарон ба 2 ҳазор нафар расонда шудааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад. Тибқи талабу дархости ҷониби Тоҷикистон ин ширкат, ҳамчунин бояд як корхонаи коркарди мис бунёд намояд.

Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Дунин доир ба сармоягузорӣ ва рушд Го Жэнсян масоили вобаста ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона дар солҳои наздик бояд бо иқтидори солонаи коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт сохта шавад. Дар марҳилаи аввали он то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо бо кор таъмин хоҳанд шуд. Ин ширкат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафтии Чин ташкил хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин мулоқоти судбахши дигар бо Раиси Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан анҷом дод.

Аз рушди назарраси ҳамкорӣ, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ин бонк бо Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонки Тоҷикистон изҳор карда шуд.

Тавре зикр гардид, барои ғанӣ гардондани сандуқи қарзии Амонатбонки Тоҷикистон аз ҷониби Бонки давлатии рушди Чин дар ҳаҷми 20 миллион доллари амрикоӣ ва 33 миллион юани чинӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо гардидааст.

Доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои зиёди судбахш дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон тавофуқот ҳосил шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот созишномаи сеҷонибаи қарзӣ миёни ширкати муштараки Зарафшон, Бонки рушди Чин ва ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин ба имзо расид. Тибқи ин санад аз ҷониби Бонки рушди Чин ба ширкати саноати кӯҳкории Зиҷин барои тавсиаи фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон 140 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.