«Тоҷикистони нав»: Аз касеву чизе ҳарос надорем

Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳороте пахш намуд, ки дар он фишори мақомот нисбати роҳбари гурӯҳ Зайд Саидов маҳкум карда мешавад. Дар изҳорот таъкид мегардад, ки фишори ҳукуматдорон ба ҳеҷ ваҷҳ азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс, «итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро […]


Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳороте пахш намуд, ки дар он фишори мақомот нисбати роҳбари гурӯҳ Зайд Саидов маҳкум карда мешавад.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки фишори ҳукуматдорон ба ҳеҷ ваҷҳ азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс, «итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст».

«Дастгирии рӯзафзуни мардум аз иқдоми гурӯҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, даҳҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гурӯҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома гурӯҳи ташаббускор қайд мекунад, ки сарфи назар аз фишори мақомот, ҳизби «Тоҷикистони нав» ният дорад, ки ба сулҳу субот дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

«Боздошти Зайд Саидов аз ҷониби Агентии зиддифасод бидуни шарҳи сабабе ва манъи дастрасии адвокатҳо ба ӯ аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд», – таъкид мегардад дар изҳорот.

Дар фарҷоми изҳорот баён мегардад, ки «боз ҳам эълом медорем: аз касеву чизе ҳарос надорем! Ба ҷуз аз Худои мутаъол! Ва боз як чизи дигар: на аз хиёнати дӯстон, на аз фитнаву иғво, найрангу тафриқаангезиҳои душманон. Балки аз бетарафон, ки бетарафиашон боиси ҳам хиёнат асту ҳам душманӣ! Биёед ба ҳам ойем ва канори ҳам ба хотири ободиву пешрафти Ватан бошем!».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.