Мусодираи ҳуҷҷатҳо ва пули нақд аз дафтари кории З.Саидов

Зимни кофтукови дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд мусодира шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои З.Саидов хабар […]


Зимни кофтукови дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд мусодира шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои З.Саидов хабар дод, дар манзили Саидов ҳеҷ чизи муҳиме барои тафтишот пайдо нагардида, аз хонаи бародари ӯ якчанд адад маснӯоти тилоӣ мусодира шудааст. «Ман бар ин назарам, ки кофтуков ғайриқонунӣ гузаронида шуд, зеро Зайд Саидов вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, муфаттишон бидуни маҳрум кардани ӯ аз мақоми дахолатнопазирӣ, ба баргузории кофтуков ҳуқуқ надоштанд», – мутмаин аст адвокат.

Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба ҷониби ҳимоят барои вохӯрӣ бо зерҳимояашон имкон надодаанд. «Имрӯз соати 10:00 вохӯрӣ бо Саидовро ба мо ваъда доданд», – иброз дошт Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

иттилоия пахш намуд.

Ҳамчунин чанде пеш иттилоъ дода будем, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар манзили зист ва дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ

кофтуков гузарониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.