З.Саидовро аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум мекунанд

Маҷлиси вакилони халқи пойтахт имрӯз масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидовро баррасӣ мекунад. Нимаи дуюми имрӯз аз даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интизорӣ меравад, ки дар он масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани тоҷири маъруфи тоҷик, вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидов баррасӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]


Маҷлиси вакилони халқи пойтахт имрӯз масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидовро баррасӣ мекунад.

Нимаи дуюми имрӯз аз даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интизорӣ меравад, ки дар он масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани тоҷири маъруфи тоҷик, вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидов баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод,  бо чунин пешниҳод ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, ки Саидовро ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам медонад, муроҷиат кардааст.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

иттилоия пахш намуд.

Зимни кофтукови дафтари кории собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод, 8 адад компютер, ду ҷузвдони ҳуҷҷатҳо ва ҳамчунин дар ҳаҷми 20 ҳазору 800 доллари ИМА ва 21 ҳазор сомонӣ пули нақд

мусодира шудааст.

Ҳамчунин дар робита ба ин қазия гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав»

изҳороте пахш намуд

, ки дар он фишори мақомот нисбати роҳбари гурӯҳ Зайд Саидов маҳкум карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.