Қатъи фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллоб дар Суғд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи мухаддиротӣ, ки ба хариду фурӯши маводи нашъаовар дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор ва қатъ карданд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсат се нафар истиқоматкунандагони вилоятро дастгир карданд, ки ду […]


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи мухаддиротӣ, ки ба хариду фурӯши маводи нашъаовар дар ҳудуди вилоят машғул буданд, ошкор ва қатъ карданд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсат се нафар истиқоматкунандагони вилоятро дастгир карданд, ки ду нафарашон донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров буда, ба хариду фурӯши маводи нашъаовари навъи ҳашиш дар ҳудуди вилоят машғул буданд.

«Айни замон маълум карда шуд, ки ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноятии мазкур истиқоматкунандаи 36-солаи шаҳри Хуҷанд мебошад ва пеш бо моддаи 237 «Авбошӣ» КҶ ҶТ суд шудааст. Номбурда аз ҷониби кормандони Агентӣб дастгир гардид», – омаддаст дар иттилои АНМН.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки барои пешгирии фаъолияти ҷиноятии шахсони номбаршуда равона гардида буданд, дар рафти азназаргузаронии ҷои истиқоматии ташкилкунандаи ин ҷиноят, миқдори дигари маводи нашъаовари навъи ҳашиш ёфта, мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели фаъолияти ҷиноятии иштирокчиёни гурӯҳи нашъаҷаллоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чор нафар дастгиршудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд қарор доранд ва тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.