Таъсиси ҳудуди 70 ҳазор ҷойи нави корӣ дар 4 моҳ

Дар зарфи 4 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 26%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз […]


Дар зарфи 4 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 11 ҳазор нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда 26%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, аз оғози сол ба Агентии мазкур зиёда аз 42,4 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 24,2 ҳазор нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, каме бештар аз 17 ҳазор нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён ва ҳаҷми ночизи музди меҳнат вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 4 моҳи аввали соли равон ҳудуди 2 ҳазор нафар ба маблағи умумии ҳудуди наздики 774 ҳазор сомонӣ (163 ҳазор $) барои бекорӣ кӯмакпулӣ гирифтаанд.

Ба санаи 1-уми майи соли равон дар хадамоти Агентии шуғли аҳолӣ ҳудуди 79 ҳазор нафар ҳамчун афроди корҷӯ ва 56,4 ҳазор нафар ҳамчун шаҳрвандони расман бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра ҳудуди 6,7 ҳазор нафар ба касбомӯзӣ ва зиёда аз 1,4 ҳазор нафар ба корҳои ҷамъиятии пардохтшаванда равона гардида, ба 705 нафар шаҳрвандон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти соҳибкории хусусӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Ба иттилои Агентӣ, дар давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 68,9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 48,8% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.