Дархости дахолати Убайдуллоев ба қазияи боздошти З.Саидов

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост намуд, ки ба қазияи боздошти тоҷири маъруф, роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби тозаи «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст дахолат намояд. Дар изҳороти дар саҳифаи Фейсбук дарҷёфтаи Зойиров ба унвони Маҷлис ва раиси пойтахт ҷиҳати рӯшанӣ […]


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост намуд, ки ба қазияи боздошти тоҷири маъруф, роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби тозаи «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст дахолат намояд.

Дар изҳороти дар саҳифаи Фейсбук дарҷёфтаи Зойиров ба унвони Маҷлис ва раиси пойтахт ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба қазияи мазкур, аз ҷумла ба раиси пойтахт савол дода мешавад, ки ба қавли хешовандон ва ҳимоятгарони Саидов, ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва аз имтиёзоти дахлдор бархӯрдор буда, вале то ҳанӯз мавқеи Маҷлиси мазкур ва пеш аз ҳама, раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев норавшан аст.

Раиси ҲСДТ хотиррасон менамояд, ки аз замони боздошти Саидов вақти зиёде сипарӣ шуда, вале дастрасии адвокатҳо ба ӯ иҷоза нашудааст, ки ин аз беэътиноии гурӯҳи тафтишотӣ нисбати адвокатҳо ва ба сурати умум ба қонунгузории ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар ин робита ӯ аз раиси шаҳри Душанбе даъват мекунад, ки ба қазияи Зайд Саидов дар масъалаҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт будан ва аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор будани ӯ ва ҳамчунин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ мавқеи худ ва Маҷлисро мушаххас кунад.

Дар саволи охир Зойиров хостааст, ки ба саволи ба Агентии зиддифасод розигии пешакӣ додани Маҷлис ҷиҳати ҷалби Саидов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ посух дарёфт намояд.

Бо такя ба Сарқонуни Тоҷикистон ва қонунҳои дигар, раиси ҲСДТ аз мири пойтахт дархост кардааст, ки ба саволҳояш посух бигӯяд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз аз

даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

интизорӣ меравад, ки дар он масъалаи аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани тоҷири маъруфи тоҷик, вакили маҷлиси мазкур Зайд Саидов баррасӣ мешавад.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.