Э.Раҳмон хостори иштироки кишварҳои узви БИР дар лоиҳаи CASA-1000

Date:


Зимни сухани ифтитоҳӣ дар кори ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд (БИР) дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони кишварҳои узви бонкро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ ҷалб намуд.

«Ба андешаи мо, ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад, пеш аз ҳама, лоиҳаи CASA-1000 – хатти барқе, ки имконияти аз кишварҳои узви БИР – Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Кулма –Қароқурум мебошад», – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки лоиҳаҳои зикршуда ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо кишварҳои татбиқкунандаи онҳо, балки дар маҷмӯъ ба фоидаи кулли давлатҳои аъзои Гурӯҳи БИР мебошанд ва изҳори итминон кард, ки бонк дар ин замина кӯмаки худро ҷиҳати ба охир расонидани лоиҳаҳои мазкур дареғ намедорад.

Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон моҳи декбари соли 1996 ба узвияти БИР пазируфта шуд. Бастаи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат буда, 15 лоиҳа ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА барои кӯмаки техникии марбут ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...