Э.Раҳмон хостори иштироки кишварҳои узви БИР дар лоиҳаи CASA-1000

Зимни сухани ифтитоҳӣ дар кори ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд (БИР) дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони кишварҳои узви бонкро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ ҷалб намуд. «Ба андешаи мо, ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад, пеш аз ҳама, лоиҳаи CASA-1000 – хатти […]

ASIA-Plus


Зимни сухани ифтитоҳӣ дар кори ҷаласаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд (БИР) дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони кишварҳои узви бонкро ба як қатор лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ ҷалб намуд.

«Ба андешаи мо, ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад, пеш аз ҳама, лоиҳаи CASA-1000 – хатти барқе, ки имконияти аз кишварҳои узви БИР – Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Кулма –Қароқурум мебошад», – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки лоиҳаҳои зикршуда ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо кишварҳои татбиқкунандаи онҳо, балки дар маҷмӯъ ба фоидаи кулли давлатҳои аъзои Гурӯҳи БИР мебошанд ва изҳори итминон кард, ки бонк дар ин замина кӯмаки худро ҷиҳати ба охир расонидани лоиҳаҳои мазкур дареғ намедорад.

Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон моҳи декбари соли 1996 ба узвияти БИР пазируфта шуд. Бастаи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат буда, 15 лоиҳа ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА барои кӯмаки техникии марбут ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.