Баррасии қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

spot_imgspot_img

Дата:

Лоиҳаи қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасӣ шуд, аз ҷониби ҳукумати кишвар бо мақсади роҳандозии сиёсати ягона дар бахши муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ҳамчунин ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои таъмини бехатарии он таҳия гардидааст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ, захоири обӣ ва замини МНМО ҶТ Саиди Ёқубзод дар ин робита изҳор намуд, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба ҷалби сармоя ва бурсҳо ҷиҳати таъмини бехатарии партовҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад, ки ҳаҷми он дар кишвар беш аз 55 млн. тонна (асосан дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ) арзёбӣ мешавад.

«Айни замон ба масъалаи таъмини бехатарии партовҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон асосан Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир месозанд», – гуфт номбурда.

Дар идома ӯ зикр кард, ки масъалаи баррасии лоиҳаи қонуни мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи 5-уми июн  баргузор мегардад, ворид карда шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...