Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8,2% афзуд


Дар зарфи 5 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,8 млрд. сомонӣ (1 $ = 4,76 сомонӣ) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 8,2% ё худ 285, 4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсол ҳиссаи саноати истихроҷ – 12,3%, саноати коркард – 64,4%, истеҳсол ва тақсимоти электроэнергия, газ ва об – 23,3%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати мазкур қайд мекунанд, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулот дар чанде аз корхонаҳои бузурги кишвар, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик», КВД «Тоҷиксемент» ва як қатор корхонаҳои коркарди нахи пахта коҳиш ёфтааст.

spot_imgspot_img

Популярное