Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8,2% афзуд

Дар зарфи 5 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,8 млрд. сомонӣ (1 $ = 4,76 сомонӣ) маҳсулот истеҳсол карданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 8,2% ё худ 285, 4 млн. сомонӣ зиёд шудааст. […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 5 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,8 млрд. сомонӣ (1 $ = 4,76 сомонӣ) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 8,2% ё худ 285, 4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсол ҳиссаи саноати истихроҷ – 12,3%, саноати коркард – 64,4%, истеҳсол ва тақсимоти электроэнергия, газ ва об – 23,3%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати мазкур қайд мекунанд, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулот дар чанде аз корхонаҳои бузурги кишвар, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик», КВД «Тоҷиксемент» ва як қатор корхонаҳои коркарди нахи пахта коҳиш ёфтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.