Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои палатаи болоии парлумон сабаби даъвати иҷлосияи ғайринавбатиро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, президент баррасии бастаи қонунҳоеро пешниҳод намудааст, ки тақвияти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро пешбинӣ мекунанд.
«Аз 17 то 21-уми июн дар Норвеггия ҷаласаи навбатии Гурӯҳи таҳияи тадбирҳои муқовимат бо пулшӯйӣ (ФАТФ) доир мегардад, ки дар он иштироки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар назар буда, тасдиқи қонунҳои аз ҷониби президент пешниҳодшуда бори дигар нияти қавии Тоҷикистон дар самти андешидани тамоми чораҳо дар кори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаро исбот мекунад», – таъкид дошт раиси МММО ҶТ.
Дар иҷлосияи имрӯза азъои палатаи болоии парлумон бидуни баррасӣ қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ»-ро маъқул шумориданд.
Дар робита ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки соли 2007 созмонҳои байнулмилалии молӣ фаъолияти бахши бонкии Тоҷикистонро дар ин самт баҳогузорӣ намуда, Тоҷикистон таҳти мониторинги шадиди Гурӯҳи таҳияи тадбирҳои муқовимат бо пулшӯйӣ (ФАТФ) қарор гирифт.
Ба гуфтаи Ширинов, тибқи баҳогузории ФАТФ, дар қонунгузории Тоҷикистон тадбирҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мушаххасан муайян нашудаанд.
«Тибқи тағийроти пешниҳодшуда, дар Тоҷикистон минбаъд барои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм масъулияти ҷиноӣ ҷорӣ мешавад. Ғайр аз ин, амволи дастрасшуда аз даромад бо роҳи ҷинояткорӣ бо қарори суд ба нафъи давлат мусодира мегардад», – таъкид кард Ширинов.



