Ба парвандаи ҷиноӣ нисбати ташаббускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов мухри «махфӣ» гузошта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Зайд Саидов хабар дод, ӯ огаҳӣ ёфтааст, ки расо пас аз як моҳи оғози парвандаи ҷиноӣ, 17-уми июн, он «махфӣ» шудааст.
Дар саҳифаи фейсбукии худ Шуҳрат Қудратов менависад: «Муфаттишони Агентии зиддифасод таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Фирӯз Холмуродов ана ҳамин тавр кор мекунанд. Ҳама чизро таҳти назорат ва махфӣ нигоҳ медоранд. Аз мақомоти тафтишотии Прокуратураи генералӣ ва ВКД ҶТ ҳам гузарониданд. Ҳатто зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноии Димон Ашӯров, ки барои рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ ба 12 сол ва Диловар Қосимов, ки барои даст доштан дар қатли язнаи президент ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буданду ман аз манфиатҳои онҳо ҳимоят карда будам, чунин ҳолат рух надода буд. Дар пеш маро боз кадом сирҳои тафтишотӣ интизоранд? Инро танҳо роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ медонад».
Ёдрас мекунем, ки қаблан муфаттишон ба Зайд Саидов дар фурсати наздиктарин
муоинаи табибро
ваъда дода буданд. Ахири ҳафтаи гузашта вазъи солимии ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ бад шуда, зикр гардида буд, ки ӯ ба муоинаи таъҷилии табиб ниёз дорад. Айни замон амволи тоҷири шинохта Зайд Саидов ва хешовандони наздики ӯ таҳти ҳабс қарор дорад.
Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.
Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.



