Дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ бо усули нав барои довталабон ҷараён дорад (садо)

Рӯзи сеюм аст, ки дар мактаби рақами 72-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври озмоишӣ имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ҷараён дорад. Тавре ба «АП» сардори шӯъбаи робита бо ҷомиаи Маркази миллии тестӣ Парвиз Саидов хабар дод, дар 7 маркази имтиҳонӣ, ки дар чаҳор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хӯҷанд) ҷойгиранд, аттестатсия ҷараён дорад. […]

Гурдофариди Соҳибназар


Рӯзи сеюм аст, ки дар мактаби рақами 72-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таври озмоишӣ имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ҷараён дорад.


Тавре ба «АП» сардори шӯъбаи робита бо ҷомиаи Маркази миллии тестӣ Парвиз Саидов хабар дод, дар 7 маркази имтиҳонӣ, ки дар чаҳор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хӯҷанд) ҷойгиранд, аттестатсия ҷараён дорад.

«Дар давоми се рӯз 1 ҳазору 844 нафар хонанда аллакай дар он иштирок карданд. Шогирдон аз субҳ то нисфирӯзӣ имтиҳонти тестӣ месупоранд ва баъди нисфирӯзӣ кори хаттӣ менависанд. Давраи дуввуми аттестатсия аз 20-уми июн оғоз мешавад. Хоҳишмандоне, ки пешакӣ аз қайд гузаштаанд, имтиҳоноти тахассусӣ месупоранд»,- изҳор дошт Парвиз Саидов.

Ҳамоҳангсози Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ Имомиддин Шамсов, ки пиёдасозии низоми нави имтиҳонсупориро ба уҳда дорад, дар суҳбат ба «АП» гуфт, ки имтиҳоноти тестӣ ҳамагӣ усули озмошӣ ба ҳисоб меравад, ки бо фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ давра ба давра – аз 1-уми апрел то 22-юми июн гузаронида мешавад.

«Сеюм рӯз мешавад, ки хонандагони мо имтиҳон супорида истодаанд. Иштироки хонандагон моро имрӯз конеъ намекунад. Мо ҳар рӯз иштироки 80-90% хонадагонро ба нақша гирифта будем, аммо ҳозир шумораи онҳо камтар мебошад. Имрӯзҳо арафаи имтиҳонсупорӣ аст. Шояд омаду рафтанашон душвор бошад. Аммо хоҳишмандон хеле зиёданд. Ҳоло омаду рафташон аз 50% зиёд аст, ки барои аввал бад нест»», – қайд кард Шамсов.

Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар бораи савияи дониши имтиҳонсупорандагон ва аз натиҷаҳои ин усул чизе гуфтан барвақт аст. Натиҷаҳо тақрибан пас аз як моҳи озмоиш пешкаш хоҳанд шуд. Зеро ба хотири дар сатҳи баланд гузаштани давраи озмоишӣ ва умуман дар оянда шаффоф баргузор гаштани имтиҳонҳо аз рӯйи лоиҳа қарор шудааст, ки бояд тамоми имтиҳонҳо аввал ба пуррагӣ супурда шаванд, баъдан ҷавобҳо аз ҷониби мутахассисон таҳлил гарданд.

Хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 24-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Азиза Неъмонова, ки аз субҳ дар имтиҳонҳо иштирок дошт, ба «АП» гуфт: «Аввалин имтиҳон соати 8:00 оғоз шуд. Субҳгоҳ имтиҳон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ буд. Барои хар як фан 50-саволӣ дода буданд», – гуфт Неъмонова.

Ӯ илова кард, ки супоридани имтиҳон ба ин тариқ каме мушкил аст. Аммо ба гуфтаи Неъмонова, кабл аз он, ки ба Маркази миллии тестӣ омад, намояндагони марказ дар мактаб ба онхо аз рафти имтиҳонот маълумот дода буданд.

Тавре аз суханхои ӯ маълум гашт, Неъмонова бештар ба фанҳои гуманитарӣ шавқ доштааст. Аз ин хотир ҳангоми ҳалли мисол аз фанни математика мушкилӣ эҳсос кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз кори хаттӣ ва ё эссе имтиҳон дар мавзӯъҳои «Саҳми ман дар тозагии муҳити зист», «Китоби дӯстдоштаи ман» ва «Сулҳ – асоси пешрафти ҷамъият» буд.

Ба андешаи Шодӣ Раҷабзод, рӯзноманигоре, ки тӯли чандин сол ба ҳайси муаллими мактаб фаъолият дошта ва аз сохтори маориф огоҳ аст, гузаштан ба низоми тестӣ дар пешгирии амалҳои номатлуб метавонад мадад расонад. «Гузаштан ба низоми тестӣ, махсусан дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дар маҷмӯъ шеваи муассир ва таваҷҷӯҳбарангез аст, ки тарафҳои мусбати худро дорад. Яъне ин низом дар пешгирии амалҳои номатлуби маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ ва авлодгароӣ кӯмак мекунад. Ҷавононе, ки аз деҳоту рустои дурдаст меоянд ва вакеан хам саводи хуб доранд метавонанд ба донишгоҳ шомил гарданд. Аз ин лиҳоз, ҳамин низом бояд зина ба зина ҷорӣ карда шавад ва шахсоне, ки дар сари ин кор меистанд, бояд бо инсоф ва аз руйи адолат амал кунанд»,- гуфт Ш. Раҷабзод.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.