Эълони санаи иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ

Тибқи қарори баимзорасидаи раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи навбатии чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 4-уми июл дар Душанбе даъват мешавад. Тавре аз палатаи болоии парлумон хабар доданд,  ба рӯзномаи иҷлосия баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар  бораи минтақаҳои кӯҳии ҶТ», «Дар […]

ASIA-Plus


Тибқи қарори баимзорасидаи раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи навбатии чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 4-уми июл дар Душанбе даъват мешавад.

Тавре аз палатаи болоии парлумон хабар доданд,  ба рӯзномаи иҷлосия баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар  бораи минтақаҳои кӯҳии ҶТ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ва ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва ғайра ворид шудаанд.

Қобили зикр аст, ки қонунҳои зикршударо соли равон палатаи поёнии парлумон қабул намуда, бояд аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ шаванд ва сипас барои имзо ба президент пешниҳод мешаванд.

«Ғайр аз ин, баррасии як қатор асноди ҳуқуқии марбут ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.