Тағйироти кадрӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ

Дар мувофиқа бо сарвари давлат бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов чанде аз роҳбарони мақомоти вазорат дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои кишвар ба вазифа таъин шуданд. Бино ба итттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковники милитсия Файзулло Нозимов – муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, майори милитсия Рустам Хусравов – муовини сардори […]

ASIA-Plus


Дар мувофиқа бо сарвари давлат бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов чанде аз роҳбарони мақомоти вазорат дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои кишвар ба вазифа таъин шуданд.

Бино ба итттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, полковники милитсия Файзулло Нозимов – муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, майори милитсия Рустам Хусравов – муовини сардори РВКД дар ВМКБ, майори милитсия Эраҷ Ёразизов – сардори шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари РВКД дар ВМБК, подполковники милитсия Гулбек Эмомбердиев сардори ШВКД дар ноҳияи Мурғоб ва подполковники милитсия Баҳодур Холиқов сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошим таъин карда шуданд.

Ғайр аз ин, подполковники милитсия Музаффар Бойматов – сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод ва подполковники милитсия Дилшод Маҳмадов – сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон таъин гардиданд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.