Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон роҳбарияти олии ширкати INTRASOFT International S.A. ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ оид ба хотимаи Марҳилаи лоиҳакашӣ ва оғози Марҳилаи коркарди лоиҳа муаррифинома гузаронид.
Дар иттилоияи намояндагии ИА дар ҷТ зикр мегардад, ки дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи июни 2012 таъкид карданд ва ба иштироккунандагон ҳадафҳои Марҳилаи коркардро муаррифӣ намуданд.
Гуфта мешавад, чунин лоиҳаи муҳим оид ба кӯмак ба тиҷорат ҳамоҳангсозии байнимуассисавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафти интернетиро дар назар дошта бо соддагардонии тиҷорати байналхалқӣ ба операторони тиҷорати ҳориҷӣ фоидаи калон меоварад, самаранокӣ ва шафофияти фаъолияти Ҳукумат ва ҳамчунин боигарии миллии онро зиед мекунад. Пас аз муаррифӣ байни иштирокунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар моҳи июни соли 2012 Иттиҳоди Аврупо ва ширкати Intrasoft International S.A. шартномаи татбиқ намудани лоиҳаи «Дастгирии таъсиси Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
Intrasoft International S.A. системаи Равзанаи ягонаро сохта, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» – назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар панҷ марказҳои вилоятӣ ва ёздаҳ (11) муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои воридшуда ба кор медарорад.
Intrasoft International S.A. аллакай Марҳилаи (таҳлил/дизайн) лоиҳакаширо, ки аз таҳлили муфассал ва ҳамоҳангсозии маълумот дар тамоми ташкилотҳои давлатии воридбуда, истеҳсоли таснифоти муфассал оид ба таҷҳизот ва тарҳрезии таъминоти барномавӣ, ки барои коркарди таъминоти барномавӣ барои система лозим аст, иборат мебошад, ба анҷом расонид. Ду ҳуҷҷати охирини номбаршуда аз тарафи Ҳукумат дар моҳи декабри 2012 тасдиқ шуда буд.
Дар давоми чанд моҳи охир лоиҳа дар се муассисаи давлатӣ (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назорати давлатии иёргирӣ назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳлили ҳаматарафаи раванди кориашонро пеш бурд.
Ба ғайр аз ин, дар оғози моҳи марти соли 2013 дар Душанбе системаҳо бо функсияҳои маҳдуд ва интерфейсҳои қариб ба анҷом расида барои истифодабарандагон сохта шуданд ва ба диққати тарафҳои манфиатдор пешкаш гардиданд. Дар оғози моҳи июн ба истифодабарандагони интихобшуда ба намунаи таҷрибавии таъминоти барномавии система иҷозати даромадан дода шуд, то онҳо онро санҷанд ва фикру ақидаи худро нисбати он пешкаш намоянд.
Марҳилаи коркард дар моҳи январи 2013 бо коркарди таъминоти барномавӣ оғоз гардид. Баамалигардонии пилотии система дар се (3) маркази вилоятӣ (Душанбе, Хуҷанд ва Курғонтеппа) ва ду ташкилоти пилотӣ – Палатаи савдо ва саноат ва Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳи августи соли 2013 ба нақша гирифта шудааст ва камаш ду (2) моҳ тӯл мекашад.
Intrasoft International S.A. кори санҷиши ниёз ба омӯзишро шурӯъ намуда мутасаддии омӯзиши кормандони ташкилотҳои давлатии воридшуда ва дигар ташкилотҳо (48 идора), брокерҳои гумрукӣ, кормандони хадамоти гумрук ва соҳибкории хусусие, ки дар панҷ (5) маҳали Тоҷикистон бо тиҷорати хориҷӣ сару кор доранд, хоҳад буд.



