Моҳи майи соли равон ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 79 млн. кВт/соат ё худ 5,9% аз ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар Тоҷикистонро ташкил дод.
Моҳи октябри соли гузашта содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ гардида, моҳи майи соли равон барқарор шуд. Афғонистон ягона кишварест, ки Тоҷикистон ба он нерӯи барқ интиқол медиҳад. Мувофиқи қарордоди ҷонибҳо, бо пайдо шудани мушкилоти камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон, интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя мутаваққиф мегардад. Содироти барқ тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ сурат мегирад.
Дар гузориши ҳармоҳаи «Мониборинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истифодаи барқ дар саросари ҷумҳурӣ 1 млрд. 345 млн. кВт/соатро ташкл додааст, ки нисбат ба моҳи апрел 5,6% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти гузориш, моҳи май истифодаи миёнаи шабонарӯзии барқ дар вилояти Хатлон ба 30 млн. кВт/соат, вилояти Суғд – каме зиёдтар аз 10 млн. кВт/соат, шаҳри Душанбе – 5 млн. кВт/соат ва КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (Талко) – 15 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз баробар шудааст.
Тибқи маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», моҳи майи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 425 млн. кВт/соат ё худ 46 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст. Дар муқоиса бо моҳи гузашта, истеҳсоли барқ дар моҳи май 6,2 (43,6 млн. кВт/соат) афзуда, нисбат ба моҳи майи соли гузашта бошад, истеҳсоли барқ ба миқдори 3,6 млн. кВт/соат камтар шудааст.



