Тоҷикистон ҳудуди 6%-и барқи худро ба Афғонистон фурӯхт

Моҳи майи соли равон ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 79 млн. кВт/соат ё худ 5,9% аз ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар Тоҷикистонро ташкил дод. Моҳи октябри соли гузашта содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ гардида, моҳи майи соли равон барқарор шуд. Афғонистон ягона кишварест, ки Тоҷикистон ба он нерӯи барқ […]

Заррина Эргашева


Моҳи майи соли равон ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 79 млн. кВт/соат ё худ 5,9% аз ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар Тоҷикистонро ташкил дод.

Моҳи октябри соли гузашта содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ гардида, моҳи майи соли равон барқарор шуд. Афғонистон ягона кишварест, ки Тоҷикистон ба он нерӯи барқ интиқол медиҳад. Мувофиқи қарордоди ҷонибҳо, бо пайдо шудани мушкилоти камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон, интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя мутаваққиф мегардад. Содироти барқ тавассути хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ сурат мегирад.

Дар гузориши ҳармоҳаи «Мониборинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истифодаи барқ дар саросари ҷумҳурӣ 1 млрд. 345 млн. кВт/соатро ташкл додааст, ки нисбат ба моҳи апрел 5,6% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти гузориш, моҳи май истифодаи миёнаи шабонарӯзии барқ дар вилояти Хатлон ба 30 млн. кВт/соат, вилояти Суғд – каме зиёдтар аз 10 млн. кВт/соат, шаҳри Душанбе – 5 млн. кВт/соат ва КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (Талко) – 15 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз баробар шудааст.

Тибқи маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», моҳи майи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 425 млн. кВт/соат ё худ 46 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст. Дар муқоиса бо моҳи гузашта, истеҳсоли барқ дар моҳи май 6,2 (43,6 млн. кВт/соат) афзуда, нисбат ба моҳи майи соли гузашта бошад, истеҳсоли барқ ба миқдори 3,6 млн. кВт/соат камтар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.