Дар Хоруғ аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи муташаккил, ки дар қаламрави ВМКБ ба нашъаҷаллобӣ машғул буд, дастгир шуд.
Тавре шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии зиддимухаддаротӣ хабар медиҳад, кормандони Раёсати Агентии назорат аз рӯйи маводи мухаддири ВМКБ дар доираи амалиёти «Кукнор-2013», дар ҷараени андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ сокини
30 солаи қишлоқи Хоси ноҳияи Шуғнонро дастгир намуданд.
Аз боздоштшуда миқдори муайяни героин мусодира шудааст. Нисбат ба ин далел аз ҷониби Шӯъбаи тафтишотии агентии зиддимухаддаротӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбар ба ҳабс гирифта шуд. Дар ҳамин хол, дар иттилоияи паҳнгардида ном ва миқдори мухаддароти мусоидрашуда, нишон дода нашудааст.


