Ҳайдар Шодиев, журналисти ҳафтаномаи «Азия плюс» ғолиби озмуни «Роҳи бехатар-2013» гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия плюс» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд.
Ин озмунро миёни журналистон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда буданд.
Тибқи иттилои манбаъ, озмуни ҷумҳуриявии воситаҳои ахбори омма бобати инъикоси масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар байни кӯдакон ва наврасон, фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба тарғиби фарҳангу одоби муомила байни ронанда, нозир ва пиёдагард, дар бораи ҳаёту фаъолияти нозирони БДА эълон гардида буд.
Ба ин озмун 67 маводи интихобӣ, ки дар 27 ВАО-и чопӣ ва электронӣ нашр гардида буданд, дохил шуданд. Бо маслиҳати гурӯҳи тадорукот ва ҳайати ҳакамон 20 маводи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Комиссия барои инъикоси фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавию ноҳиявии он Ҳайдар Шодиев – журналисти ҳафтаномаи «Азия плюс»-ро ғолиб донист.
Ҳамчунин дар бахшҳои дигари ин озмун журналистоне чун Абдувоҳиди Зевар, Ҷамила Хусейнова, Фарух Ҳусейнов, Ҳотами Ҳомид, Рустами Ҷонӣ, Субҳони Ҷалил, Нуриддин Насридинов ғолиб дониста шуданд.


