Журналист Исмоилов дар содир намудани боз як ҷинояти дигар гумонбар шудааст

Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов дар содир намудани ҷинояти навбатӣ – қаллобӣ гумонбар шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеи журналист Фазлиддин Худойбердиев иттилоъ дод. 3-юми июл вакили мудофеъ дар тавқифгоҳи тафтишотии № 2- и шаҳри Хуҷанд  бо Исмоилов вохӯрд. Гумонбаршуда 29 июн ба тавқифгоҳи тафтишотии мазкур интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи Худойбердиев, ӯ дар рӯбарӯкунии […]

Мавлуда Рафиева


Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов дар содир намудани ҷинояти навбатӣ – қаллобӣ гумонбар шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» вакили мудофеи журналист Фазлиддин Худойбердиев иттилоъ дод.

3-юми июл вакили мудофеъ дар тавқифгоҳи тафтишотии № 2- и шаҳри Хуҷанд  бо Исмоилов вохӯрд. Гумонбаршуда 29 июн ба тавқифгоҳи тафтишотии мазкур интиқол ёфтааст.

Ба гуфтаи Худойбердиев, ӯ дар рӯбарӯкунии ҷабрдида ва гумонбаршуда ҳузур дошт ва дар рафти он журналист рад кардааст, ки аз шаҳрванд Санавбар Аҳадова маблаг ситондааст. Ба гуфтаи Исмоилов, ӯ танҳо аз Аҳадова қарз пурсидааст.

«Айни замон Маҳмадюсуф Исмоилов боз дар анҷом додани як ҷиноят – тақаллубкорӣ  гумонбар шудааст. Ба гуфтаи мақомти тафтишотӣ, журналист аз истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт 500 сомонӣ барои омода намудани маводи журналистии тадқиқотӣ гирифта, онро таҳия накардааст. Ҳоло Исмоилов аз рӯйи моддаи 247 қисми 2 КҶ (тақаллубкорӣ) расман гунаҳгор дониста нашудааст. Гумонбаршуда низ ин айбро ба гардан нагирифтааст», – гуфт вакили мудофеъ.

Вакил аз рӯйи қарори суд оиди ба ҳабс гирифта шудани

гумонбар

аризаи норизоӣ додааст. «Ман аз рӯйи қарори суд аризаи норизоӣ додам, чунки зерҳимояи ман соҳиби ду фарзанди хурдсол буда, хоҳари маъюбаш ҳам дар зери парастории ӯст. Ба ҷуз ин, Исмоилов як писари ноболиғ аз никоҳи қаблӣ дорад. Ин аризаи норизоӣ ба суди вилоятӣ ирсол шудааст», – қайд кард вакили мудофеъ.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.