Аҳли зиё аз додгоҳ талаб доранд, ки ба Олга Тутубалина 200 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шавад

Date:


Аҳли зиёи мамлакат нисбат ба муҳаррири ҳафтаномаи «Asia-Plus» Олга Тутубалина ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ шикоят бурда, аз додгоҳ талаб намудаанд, ки барои расонидани зарари маънавӣ аз ҷавобгар 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ руёнида шавад. Ҳамзамон тамоми амволи манқул ва ғайриманқули ӯ ба ҳабс гирифта шавад.

Нусхаи аризаи даъвогӣ оид ба ҳимояи шараф, эътибор, нуфузи касбӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ ба идораи «Asia-Plus» имрӯз, 5-уми июл дастрас шуд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳамзамон Академияи Илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи меъморони кишвар ва номзади илмҳои тибб, дотсенти Кафедраи бемориҳои пуст ва узвҳои таносули Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Абдиева Дилбар Хоҷаевна ба сифати даъвогарони дигар ном бурда мешаванд.    

«Ба назари мо, мақолаи мазкур шарафи касбии гурӯҳи калони одамон, яъне гурӯҳи иҷтимоиеро бо шумули ашхоси касбии ба заҳмати зеҳни машғулбуда ва онҳое, ки барои чунин заҳмат маълумоти лозимаро доро мебошанд (муҳандисон, кормандони техникӣ, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илм ва санъат, ходимони давлатӣ) халалдор месозад», – таъкид шудааст дар ариза.  

Намояндагони аҳли зиё ҳамчунин илова кардаанд, ки Тутубалина дар мақолаи худ зиёиёнро чун наҷосат (говно) таъриф додааст, ки асоси воқеӣ надорад.

«Тавре аз «Фарҳанги бузурги забони русӣ» бармеояд, калимаи «наҷосат» дар маҷмӯъ вақте калимаи «интеллигенция» истифода мегардад, маъниҳои зеринро ифода мекунад ва хонандаҳо мафҳуми ин калимаро чунин дарк карда метавонанд: (исми шумурданашаванда) ашёи гуногун, махсусан чизҳои нолозим, бемавриду нохуб ва ё ашёе, ки ба шахси дилнокаш тааллук доранд. Масалан: Начосати худро аз гаражи ман бигир! (Забирай свое

говно из моего гаража!)», – шарҳ додаанд даъвогарон.

Онҳо исрор меварзанд, ки чунин ақидаи Тутубалина шарафу эътибор ва нуфузи касбии гурӯҳи калони иҷтимоии одамонро паст зада, ба зиёни маънавӣ, азоби рӯҳӣ ва зарари ашхоси ҳуқуқӣ, аз ҷумла даъвогарон сабаб гаштааст.   Бар замми ин, онҳо бар он назаранд, ки Тутубалина дар маводи худ суханони В. Ленинро дар шакли нодурусту таҳрифшуда овардааст.    

Дар робита ба ин, намояндагони зиёиён аз додгоҳ хостаанд, то ҳафтаномаи «Asia-Plus» ва муаллифи мақола  – Тутубалина Олгаро вазифадор намояд, маълумотеро, ки ба эътибори касбӣ таъсири манфӣ мерасонад, рад намуда, барои нашри мақола узрхоҳӣ намоянд, ташхиси судӣ-забоншиносӣ таъин карда шавад, аз ҳафтанома ва муаллифи мақола ба фоидаи даъвогарон ва Абдиева Дилбар Хоҷаевна ҷуброни зиёни маънавӣ дар ҳачми 200 ҳазор сомонӣ руёнида шавад, ҳамчунин ба хотири таъмини даъво тамоми амволи манқул ва гайриманқули Тутубалина ба ҳабс гирифта шавад. 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...