Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Суди олии ҷумҳурӣ мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов изҳор намуд, ки мансабдорони давлатии Тоҷикистон тадриҷан аз мақоми дахолатнопазирӣ маҳрум карда мешаванд.
«Моҳи гузашта мақоми дахолатнопазирии вакилони маҷлисҳои ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятӣ ва ҳамчунин қисман прокурорҳову судяҳо бекор карда шуда, ин таҷриба идома хоҳад ёфт», – зикр кард Давлатов.
Ба қавли ӯ, имрӯз бархе ба ҳукумат ва президент пешниҳод доранд, ки ба аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мақоми дахолатнопазирӣ дода шавад, вале он дастгирӣ намеёбад. Ӯ ба журналистон итминон дод, ки мақоми дахолатнопазирии баъзе категорияҳои хизматчиёни давлатӣ ва вакилон, ки ба он тибқи қонунгузории имрӯзаи кишвар кафолат дода мешавад, тадриҷан аз байн бардошта мешавад.
«Бекор кардани дахолатнопазирӣ талаботи асосии волоияти қонун буда, дар он мушаххасан гуфта мешавад, ки назди қонун ҳама баробаранд», – таъкид дошт мушовири давлатии президент.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи нигоҳ доштан ё бекор кардани мақоми дахолатнопазирии категорияҳои ҷудогонаи хизматчиёни давлатӣ ва вакилон, созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсияҳои зидду нақиз медиҳанд, яъне бархе ҷонибдори бекор шудани онҳо буда, дигарон боисрор нигоҳ доштани онро талаб мекунанд.



