Мансабдорони давлатӣ аз дахолатнопазирӣ маҳрум мешаванд

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Суди олии ҷумҳурӣ мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов изҳор намуд, ки мансабдорони давлатии Тоҷикистон тадриҷан аз мақоми дахолатнопазирӣ маҳрум карда мешаванд. «Моҳи гузашта мақоми дахолатнопазирии вакилони маҷлисҳои ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятӣ ва ҳамчунин қисман прокурорҳову судяҳо бекор карда шуда, ин таҷриба идома хоҳад ёфт», – […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Суди олии ҷумҳурӣ мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов изҳор намуд, ки мансабдорони давлатии Тоҷикистон тадриҷан аз мақоми дахолатнопазирӣ маҳрум карда мешаванд.

«Моҳи гузашта мақоми дахолатнопазирии вакилони маҷлисҳои ноҳияву шаҳрӣ ва вилоятӣ ва ҳамчунин қисман прокурорҳову судяҳо бекор карда шуда, ин таҷриба идома хоҳад ёфт», – зикр кард Давлатов.

Ба қавли ӯ, имрӯз бархе ба ҳукумат ва президент пешниҳод доранд, ки ба аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мақоми дахолатнопазирӣ дода шавад, вале он дастгирӣ намеёбад. Ӯ ба журналистон итминон дод, ки мақоми дахолатнопазирии баъзе категорияҳои хизматчиёни давлатӣ ва вакилон, ки ба он тибқи қонунгузории имрӯзаи кишвар кафолат дода мешавад, тадриҷан аз байн бардошта мешавад.

«Бекор кардани дахолатнопазирӣ талаботи асосии волоияти қонун буда, дар он мушаххасан гуфта мешавад, ки назди қонун ҳама баробаранд», – таъкид дошт мушовири давлатии президент.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи нигоҳ доштан ё бекор кардани мақоми дахолатнопазирии категорияҳои ҷудогонаи хизматчиёни давлатӣ ва вакилон, созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон тавсияҳои зидду нақиз медиҳанд, яъне бархе ҷонибдори бекор шудани онҳо буда, дигарон боисрор нигоҳ доштани онро талаб мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.