Ҳабсҳои пурсарусадо, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ вакил Низомхон Ҷӯраев сурат гирифтанд, ба ҳеҷ гунае ба ҳукми содиршудаи Суди олии ҶТ дар мавриди парвандаи «33 нафар исфарагиҳо» робита надоранд. Чунин ибрози андеша кард раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев дар посух ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бобати омодагии раҳбарияти Суди олӣ ба истеъфо дар сурати ошкор шудани роҳ додан ба иштибоҳи судӣ дар парвандаи ба истилоҳ «исфарагиҳо».
«Дуруст мегӯед, моҳи апрели соли равон собиқ корманди Прокуратураи генералии ҶТ Рустам Олимов ва собиқ судяи Суди олии ҶТ Нур Нуров, ки бевосита дар тафтиш ва баррасии парвандаи ҷиноии зикршуда иштирок доштанд, бо ҳукми Суди олӣ маҳкум карда шуданд, вале ин маънои онро надорад, ки дар парвандаи «исфарагиҳо»ба иштибоҳи судӣ роҳ дода шудааст», – зикр кард Абдуллоев.
Ба қавли ӯ, Олимов ва Нуров ба иттиҳоми ришваситонӣ ва қаллобӣ маҳкум шудаанд ва ин амалҳо ба ҳеҷ гунае ба ҳукми содиршуда нисбати парвандаи «исафрагиҳо» таъсир расонида наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи зикршуда як зумра мансабдорони давлатӣ, аз ҷумла собиқ прокурор Рустам Олимов, собиқ судя Нур Нуров, собиқ адвокат Бердиқул Расулов, собиқ корманди Агентии зиддифасод ва сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Саидаҳтам Мудинов ва дигарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Ғайр аз ин, нисбати собиқ муовини прокурори нақлиёт Шермат Нуров (соли 2009 – прокурори ноҳияи Восеъ) низ дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Ҳамчунин собиқ роҳбарони гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Ҷӯраев – генерали адлия Эмом Ғоибов ва полковники адлия Одилҷон Очилов низ боздошт шуданд.
Собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд Очил Очилов, ки он солҳо ба сифати муовини сардори гурӯҳи фаврии тафтишотӣ фаъолият дошт, низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд, вале ба хориҷи кишвар паноҳ бурда, дар Русия қарор дорад.
Айни замон дар истеҳсолоти Агентии зиддифасоди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов қарор дорад, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ гумонбар дониста мешавад. Ин далелҳо дар ҷараёни тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Низомхон Ҷӯраев, ки корхонаи кимиёи Исфараро сарварӣ мекарду он дар тобеияти Вазорати саноат (замони вазири саноат будани Саидов) қарор дошт, ошкор шудаанд.



