Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Талбак Салимов зикр кард, ки мувофиқи имкон оби кӯли Сарезро, ки дар сурати рахна шудани сарбандаш ба оқибатҳои харобиовар боис мегардад, мебояд партоб ва ба кишварҳои ба оби тоза эҳтиёҷманд ба фурӯш баровард.
Ӯ ақидаи худро бо мушкилоти ҷойдоштаи кӯли Сарез шарҳ дод, ки дар ҳолати заминларзаи шадид дар қаламрави он, ба вуҷуд омадани ярчи бузурге имкон дошта, метавонад ба 5,5 млн. аҳолии чор кишвари минтақа – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистону Туркманистон осеби ҷуброннопазир расонад.
«Албатта, агар ягон кишвар нияти харидории оби кӯли Сарезро хоҳиш бикунад, мо мухолиф нестем. Аз ҳама масъалаи муҳим ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти кӯли Сарез аст, зеро он минтақаи ниҳоят хавфнок мебошад. Мо гуфта наметавонем, ки фоҷеа кай ба вуқӯъ мепайвандад, имрӯз, фардо, баъди як сол ё 100 сол», – зикр кард Салимов.
Ба қавли вай, партоб шудани оби кӯл ба вазъи экологии минтақа таъсиргузор нахоҳад буд, зеро захираҳои оби ошомидании Тоҷикистон кофӣ аст.
«Имрӯз дар Тоҷикистон низоми огаҳии аҳолӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда амал мекунад ва ман боварӣ дорам, ки дар сурати таҳдид, аҳолии Тоҷикистон саривақт аз хатари эҳтимолпазир огаҳ хоҳад шуд», – афзуд раиси Кумита.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз соли 2011 дар конфронси байнулмилалӣ оид ба мушкилоти кӯли Сарез дар Душанбе зикр гардида буд, ки агар Тоҷикистон ҷараёни фурӯши оби кӯли Сарез ба дигар кишварҳоро роҳандозӣ намояд, ҳамасола ба буҷети давлат то 100 млн. доллари ИМА даромад ворид мегардад. Он замон сохтмони қубурҳои интиқоли об аз кӯл, бунёди нерӯгоҳи барқӣ дар назди сарбанди кӯл ва ғайра пешниҳод шуда буданд. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бинобар мавҷуд набудани сармоягузорӣ иҷронашавандаанд.
Соли 2000 –ум чор давлати манфиатдор-Қазоқистон,Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии зеҳнӣ ва молиявии ҳалли масоили кӯли Сарез ба ҷомеаҳои ҷаҳонӣ муроҷиат намуда буданд. Ҳамчунин худи ҳамон сол таҳти роҳбарии Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи байналхалқии «Кӯли Сарез:нақшаи коҳиши хатари он» бароварда шуд.
Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст. Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Соли 1967 дар соҳили рости Сарез қитъаи ковок, ки аз заминларза эҳтимоли кӯчиш дорад, ошкор карда шуд ва дар сурати ба вуқӯъ пайвастанаш қисми ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон,Афғонистон ва Туркманистон зери об хоҳанд монд.



