Коршиносони тоҷик дар бораи иштибоҳоти Мурсӣ ибрози назар карданд (видео)

Дар Миср ҳазорон тарафдори Муҳаммад Мурсӣ барои дифоъ аз ӯ ва баргаштанаш ба қудрати сиёсӣ тазоҳурот карданд.   Ҳамчунин дар Афғонистон, Покистон ва кишварҳои ғарбӣ мардум ба кӯчаҳо баромада, бо шиору аксҳои Мурсӣ аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.  Кишварҳое ба мисли ИМА ва Олмон аз ҳукумати муваққати Миср хостаанд, ки Мурсӣ озод карда шавад. Қобили зикр […]

Аҳлиддин Салимов


Дар Миср ҳазорон тарафдори Муҳаммад Мурсӣ барои дифоъ аз ӯ ва баргаштанаш ба қудрати сиёсӣ тазоҳурот карданд.


 

Ҳамчунин дар Афғонистон, Покистон ва кишварҳои ғарбӣ мардум ба кӯчаҳо баромада, бо шиору аксҳои Мурсӣ аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд. 

Кишварҳое ба мисли ИМА ва Олмон аз ҳукумати муваққати Миср хостаанд, ки Мурсӣ озод карда шавад.

Қобили зикр аст, ки баъд аз шикасти Ҳусни Муборак, намояндаи “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ аз рӯйи натоиҷи интихоботи президентӣ дар Миср бар сари қудрат омад. Аммо бо гузашти як соли ҳукмронӣ, дар пайи гирдиҳамоии эътирозии мухолифин ва дахолати роҳбарияти артиш 

3-юми июли соли ҷорӣ 


аз мақом барканор карда шуд.

Чаро дар Миср табаддулоти давлатӣ ба амал омад? Мурсӣ чӣ иштибоҳ дошт?

Дар ин бора хабарнигори “Азия-Плюс” аз раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Ҳайит ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Фаррух Умаров пурсон шуд.


Dar borai Mursi

from

Ахлиддин Салимов

on

Vimeo

.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.