Матолиби журналистон минбаъд дар сомонаи Шӯрои ВАО баррасӣ хоҳанд шуд

Odob.tj сомонаи Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол шуд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳ Шарифзода хабар дод. Ин сомона фаъолияти Шӯрои ВАО-и тоҷикро нишон дода, дар он шикояти мардум аз болои журналистон ва назари коршиносон дар бораи нигоштаҳои журналистӣ аз назари меъёрҳои ахлоқи журналистӣ баҳо дода мешаванд. Раиси Шӯрои ВАО […]

Аҳлиддин Салимов


Odob.tj сомонаи Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол шуд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳ Шарифзода хабар дод.

Ин сомона фаъолияти Шӯрои ВАО-и тоҷикро нишон дода, дар он шикояти мардум аз болои журналистон ва назари коршиносон дар бораи нигоштаҳои журналистӣ аз назари меъёрҳои ахлоқи журналистӣ баҳо дода мешаванд.

Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода зимни сӯҳбат қайд кард, ки сомонаи Odob.tj ба хотири мусоидат дар татбиқи “Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар ҶТ” ва инъикоси фаъолияти ниҳоди танзимгари он -Шӯрои ВАО-и ҶТ таъсис ёфтааст. Дар баробари ин кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои мубрами вазъи озодии сухан ва рушди журналистикаи миллӣ, хабару гузоришҳо пахш гарданд.

Мавсуф зикр кард, ки ҷомеаи журналистӣ сомонаи мазкурро ба ҳайси майдони ибрози ақида, фикру мулоҳизот ва табодули назар оид ба масоили касбӣ истифода мекунанд.

“Ҳоло ки Шӯрои ВАО дар ҳамдастӣ бо Дафтари САҲА дар Душанбе ба татбиқи лоиҳаи “Меъёрҳои ахлоқӣ” пардохтааст ва дар доираи он матолиби ВАО-и чопӣ ва электрониро дар заминаи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданист. Огоҳӣ аз мавқеъ ва вокуниши ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа тавассути гушаи “Тамос бо мо”-и сомона бароямон хеле муҳим аст”.

Шӯрои ВАО-и ҶТ январи соли 2010 таъсис шудааст. Муассисони ин шӯро бонуфузтарин ташкилоти журналистии кишвар чун Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, “Азия-Плюс”, ТВ “СМТ”, ҶДММ “Чархи гардун”, АМВАОМТ ва дигарон мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.