«Рӯзи саломатӣ» дар ВМКБ

Имрӯз дар мавзеи Чорбоғи шаҳри Хоруғ дар доираи сафари «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба ВМКБ  бо иштироки васеи шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва сокинони ноҳияҳои гирду атрофи он «Рӯзи саломатӣ» баргузор гардид. Тавре дар вазорати тандурустӣ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири […]

Азия-Плюс



Имрӯз дар мавзеи Чорбоғи шаҳри Хоруғ дар доираи сафари «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба ВМКБ  бо иштироки васеи шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва сокинони ноҳияҳои гирду атрофи он «Рӯзи саломатӣ» баргузор гардид.

Тавре дар вазорати тандурустӣ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, намояндагони шарикони байналмилалӣ – Роҳбари дафтари ТУТ дар Тоҷикистон Павел Урсу, намояндагони Хазинаи глобалӣ, Хазинаи Оғохон ширкат намуда, бо шаҳрвандон сӯҳбат карданд.

“Мақсади гузаронидани «Рӯзи саломатӣ» ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ба мардум наздик намудани хизматрасонии тиббӣ мебошад. Дар доираи ин чорабинӣ тӯли ду рӯз дар Маркази вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Хоруғ беш аз 20 амалиёти ҷарроҳии чашм гузаронида ва дар беморхонаи вилоятӣ 4 ҷарроҳии мураккаби батнӣ (абдоминалӣ) бо роҳбарии профессор Саидилҳом Аҳмадов ва бо ҳамдастии табибони маҳаллӣ бомуваффақият анҷом дода шуд”, – хабар дод манбаъ.

Қайд мешавад, ки сафари беш аз 70 нафар мутахассиси баландпояи тиб ба Бадахшон ба имконият медиҳад, ки табибони маҳаллӣ дар рафти кор роҳҳои нави ташхису табобат ва ҷарроҳиҳои муосирро аз устодон омӯзанд. Ҳамчунин барои сокинони маҳаллӣ ин як  кӯмакест, ки аз маҳалли худ берун нарафта ташхису машварат мегиранд.

Ба гуфтаи манбаъ, аксари табибон бо таҷҳизоти худ, аз ҷумла ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, доплер, гастроскоп, таҷҳизоти офталмологӣ ва гӯшу гулӯю бинӣ сафар кардаанд. Як мошини сайёри флюорографӣ низ дар ин рӯзҳо ба  аҳолӣ хизмат расонид.

«Корвони саломатӣ» сафари худро аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷу Рӯшон оғоз намуда, сипас дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа Ишкошиму Мурғоб давом дод. Он дар шаҳри Хоруғ бо баргузории чорабинии густарда имрӯз анҷом ёфт.

Роҳбарони масъули вазорати тандурустӣ, дафтари ТУТ дар Тоҷикистон, Хазинаи Оғохон дар доираи ин чорабинӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи вилоятии бемориҳои сил дар шаҳри Хоруғ, маркази вилоятии ташхиси тиббию судӣ дидан карданд. Ҳамчунин гурӯҳи мазкур бо фаъолияти Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ, дармонгоҳи № 1-и шаҳри Хоруғ боздид ба амал оварда, нақшаҳои минбаъдаи беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои тиббиро дар вилоят мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.