20-уми июли соли ҷорӣ дар кохи Ваҳдат 11 ҷавон барандаи мутлақи озмуни лоиҳаи телевизионии «Овози тиллоӣ» гаштанд.
Яке аз ғолибони мутлақ Алишери Сайфиддин, ки донишҷӯйи соли аввали ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аст дар сӯҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки меҳри ӯ ба мусиқӣ аз хурдсолӣ, вақте ба маҳфили доиранавозӣ мерафт, оғоз ёфт.
“Дар хона сурудҳо замзама мекардам. Ҳунармандони эрониро гӯш мекардам, вале дар дил завқи сароянда шудан надоштам. Бори аввал дар мактаб нақши Садриддин Наҷмиддинро бозидаму сурудам. Аз ҳамон вақт эҳсос кардам, ки дар ҷодаи санъат фаъолият кардан мехоҳам».
Sohibnazar Sohibnazar”s Slidely by
Slidely – Slideshow maker
Аз сӯҳбат бо иштирокдорони ин озмун маълум шуд, ки барои ҳамаи онҳо ҷодаи санъат хеле ҷолиб ва пур аз умеду ормонҳо менамояд. Вале дар мавриди мушкилоте, ки ҳар як санъаткорро интизор аст, ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Раҳима Шалоэр, ки яке аз доварони озмуни фавқуззикр буд, ба Хабаргузории «Азия-Плюс» чунин гуфт: «Масъалаи маблағгузории санъаткорон ва дарёфти маблағ барои сабти клипҳову суруд имрӯз мушкилест, ки садди роҳи бисёре аз соҳибистеъдодон мешавад. Умедворам, ки дар айёми бозоргоние, ки ба сар мебарем, нафарони ғамхор пайдо мешаванд ва сармоягузориро барои чунин соҳибистеъдодон дареғ намедоранд. Чун санъат ба ҳама зарур аст».
Ба гуфтаи
ҳунарпешаи
халқии Тоҷикистон ва узви ҳакамон Раҳматулло Ҳошимов мақсади озмуни мазкур кашфи соҳибистеъдодони ҷавон аст, оммо пас аз анҷоми ҳар озмуни «Овози тиллоӣ» суол пеш меояд, ки ҳунармандони “тозакашфшуда”-ро дар оянда чӣ интизор аст?
«Аз ҳар як ноҳия танҳо як нафар ғолиб аст ва баъзан ҳатто касе ғолиб намебарояд. Ин ҷавонон соҳибистеъдоданд, васфи диёри хеш мекунанд, обруи вилояту ноҳияҳои худ ҳастанд. Аз раисони хоҷагиҳо, ноҳияҳову вилоёт хоҳиш мекунам, то ин ҷавононро зери назорати хеш гиранд ва барояшон мадад кунанд, то фардо дар арсаи байнулмилалӣ санъати мардуми тоҷикро муаррифӣ карда тавонанд».
Вале ҳоло ғолибони озмун тавре ба назар менамояд, ки ғайр аз ҳаяҷон эҳсоси дигаре надоранд. Хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 86-и шаҳри Турсунзода Олимов Нозим гуфт: «Аз ғолиб омаданам хеле хурсандам, вале камтар ҳаяҷонзадаам, чун дар толор тамошобинони зиёде гирд омадаанд».
Тавре Раҳматулло Ҳошимов дар робита ба шафофияти озмун изҳор дошт: “Дар озмун 5 нафар аз вилояти Суғд ва 6 нафари боқимонда аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон гирд омаданд. Ин гувоҳи он аст, ки устодон ва тарбияи онҳо хубтар ба роҳ монда шудааст. Ба ин наврасон дар корҳои эҷодиашон муваффақияти бузург орзумандам”.
Ба гуфтаи аъзои ҳакамон дар 4 соли мавҷудияти озмуни мазкур 56 нафар баранда гаштанд. Имсол аз байни 1700 иштирокдори «Овози тиллоӣ» дар баробари барандагони мутлақ 2 нафари дигар бо дархости аъзои ҳакамон то ба даври ниҳоӣ расиданд.


