Донишгоҳи Қурғонтеппа нисбати 112 хатмкарда ба суд шикоят бурдааст

Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав нисбати шогирдони собиқаш ба суд шикоят бурдааст. Ба гуфтаи ректори донишгоҳ Маҳмад Шодиев, дар соли хониши 2012-2013 донишгоҳи номбурдаро 835 нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм карданд, ки таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат сурат гирифтааст. «Мувофиқи тақсимоти донишгоҳ ин  донишҷӯён бояд сари вақт ба ҷойи корашон ҳозир мешуданд. […]

Сайраҳмон Назриев


Донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав нисбати шогирдони собиқаш ба суд шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи ректори донишгоҳ Маҳмад Шодиев, дар соли хониши 2012-2013 донишгоҳи номбурдаро 835 нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм карданд, ки таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат сурат гирифтааст.

«Мувофиқи тақсимоти донишгоҳ ин  донишҷӯён бояд сари вақт ба ҷойи корашон ҳозир мешуданд. Мутаассифона, аз ҳисоби умумии хатмкардагони факультаи омӯзгорӣ 118 нафар ба ҷойи кори пешниҳодшуда ҳозир нашуданд, ки аз ин шумора 12 нафар ба сафи қувваҳои мусалаҳ рафтанд», – гуфтр ректор.

Ба гуфтаи ӯ, 45 нафари хатмкардагоне, ки ба ҷойи кори муайяншуда бо хоҳиши худ ҳозир нашуданд, 57 ҳазор сомонӣ тариқи суд руёнида, ба буҷаи давлат  пардохта шуд. Айни замон суд шикоятро нисбати 67 нафари боқимонда баррасӣ мекунад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар пайи 44 садама дар се моҳ дар Душанбе 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Ин панҷумин қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...