Қарзҳои андоз аз ҳисоби «Барқи тоҷик» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» афзуданд

– Ҳаҷми бақияи қарз аз андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба зиёда аз 120 млн. сомонӣ афзуд, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев. Ӯ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама, қарзҳо аз ҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» афзудаанд, […]

ASIA-Plus


– Ҳаҷми бақияи қарз аз андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба зиёда аз 120 млн. сомонӣ афзуд, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев.

Ӯ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама, қарзҳо аз ҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» афзудаанд, ки дар нимсолаи аввал қарзашон аз андоз ба маблағи умумии қариб 96 млн. сомонӣ зиёд шудааст. «Ҳамин тариқ, ба 1-уми июли имсол ҳаҷми умумии бақияи қарзҳои андоз беш аз 760 млн. сомониро ташкил медиҳад», – зикр кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Солиев, тайи 6 моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 2,2% барзиёд иҷро гардида, аз ҳаҷми умумии 2 млрд. 681,7 млн. сомонии пешбинишуда, 2 млрд. 739,6 млн. сомонӣ маблағҳои андоз ҷамъоварӣ гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми андози ҷамъоваришуда ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 17,8% ё худ 414,1 млн. сомонӣ афзудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.