Кумитаи андоз: Дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи андозбандӣ ҷорӣ аст

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев зикр кард, ки маълумот доир ба дар Тоҷикистон ҷорӣ будани сатҳи баланди андозбандӣ асоси воқеӣ надорад. «Бисёриҳо мегӯянд, ки нисбат ба дигар кишварҳо гӯё дар Тоҷикистон меъёрҳои андозбандӣ хеле баланданд, ки ин тавр нест. Меъёрҳои андозбандӣ дар Тоҷикистон на баланду паст, […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев зикр кард, ки маълумот доир ба дар Тоҷикистон ҷорӣ будани сатҳи баланди андозбандӣ асоси воқеӣ надорад.

«Бисёриҳо мегӯянд, ки нисбат ба дигар кишварҳо гӯё дар Тоҷикистон меъёрҳои андозбандӣ хеле баланданд, ки ин тавр нест. Меъёрҳои андозбандӣ дар Тоҷикистон на баланду паст, балки дар муқоиса бо дигар кишварҳо дар сатҳи миёна қарор доранд», – иброз дошт ӯ дар ин робита.

Солиев меъёри андозбандӣ оид ба баъзе аз андозҳоро дар кишварҳои узви ИДМ мисол овард. «Меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар Арманистон – 20, Озарбойҷон – 30, Гурҷистон – 15, Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон – 10, Молдова – 18, Украина – 15, Ӯзбекистон – 22 ва дар Русияву Тоҷикистон бошад, 13%-ро ташкил медиҳад. Меъёри андоз аз даромад дар Арманистон ба 20, Белорус – 24 ва дар Тоҷикистон чун дар Қазоқистону Русия ба 20% баробар мебошад», – гуфт ӯ.

Солиев зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба вазнинии андоз аз савдои чакана ишора доштанд, ки ин навъи андоз барҳам дода шудааст. «Ҳамасола аз ҳисоби ин андоз ба буҷети кишвар то 200 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид ва аз оғози ҳамин сол ин маблағҳо дар ихтиёри соҳибкоронанд», – таъкид дошт муовини раиси Кумита.

Ба қавли ӯ, ҳамчунин нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи оморӣ барои ҳисоби андоз аз даромад бисёр шикоят оварда мешуд, ки он низ ба Кодекси андоз дар таҳрири нави соли 2013 ворид нашудааст. «Минбаъд меъёри андозбандӣ дар баъзе навъи андозҳо низ коҳиш дода мешавад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байнулмилалии савдо (ITC) ва ширкати аудитории Pricewaterhouse Coopers вазъи ҷамъоварии андоз дар 185 кишвари дунёро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар ин рейтинг Тоҷикистон бо касби меъёри умумии андози 84,5% зинаи 175-умро ишғол намуд. Муҳаққиқон Тоҷикистонро кишвари дорои сатҳи баланди андозбандӣ унвон карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.