Хуҷанд: Оғози мурофиаи судии маҳбусон С.Ризоев ва С.Тошев

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев оғоз мегардад, ки тирамоҳи соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуда буданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, маҳбусон тибқи моддаҳои 332, қ. 2 […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев оғоз мегардад, ки тирамоҳи соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуда буданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд хабар доданд, маҳбусон тибқи моддаҳои 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият  аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.

Пешниҳоди

маълумоти бардурӯғ ва навори видеоии сохташуда

ба ВАО ба кушодани ин парванда асос шудааст, ки дар онҳо осори лату кӯб ва шиканҷаи онҳо аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ наворбардорӣ шудааст.

Файзинисо Воҳидова, адвокати яке аз маҳбусон Садриддин Тошев мегӯяд, мурофиаи судӣ имрӯз бояд дар бинои тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд оғоз мегардид, вале бинобар сабаби бемории адвокат, ба рӯзи 25-уми июл мавқуф гузошта шудааст.

«Аз рӯйи қонун мурофиаи судӣ бояд дар бинои суди шаҳр доир гардад, зеро қонун шаффофияти ин ҷаласаро пешбинӣ мекунад. Гузашта аз ин, ман далелҳои иловагие дорам, ки бинобар беэътимодӣ ба тафтишоти пешакӣ, онҳоро ба ин мақомот пешниҳод накардам ва ҳозир ман омодаам, ки ин далелҳоро ба суд пешниҳод намоям. Ман ҷонибдори шаффофу ошкоро сурат гирифтани мурофиа мебошам, то ки ҷомеа ва ВАО аз вазъи имрӯза дар муассисаҳои ислоҳӣ ва муносибати кормандони он ба зиндониён огоҳ бошанд. Ҳамаи ин далелҳо ба суд пешниҳод хоҳанд шуд», – мегӯяд адвокат.

Ба андешаи ӯ, бо баргузор намудани мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида, ҳукуматдорон намехоҳанд, ки ҷомеа аз вазъи воқеъӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ огоҳ бошанд. «Аз ин рӯ, ман тақозо хоҳам кард, ки мурофиаи судӣ дар толори суди шаҳр гузаронида шавад», – изҳор намуд Воҳидова.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.