Тоҷикистон тадриҷан аз низоми андозбандии патентӣ даст мекашад

Пас аз қабули Кодекси нави андоз аввали соли равон, шумори соҳибкорони инфиродии бар асоси патент фаъолиятдошта дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев зимни нишасти хабари имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори чунин соҳибкорон ба беш аз 6 ҳазор нафар […]

Пайрав Чоршанбиев


Пас аз қабули Кодекси нави андоз аввали соли равон, шумори соҳибкорони инфиродии бар асоси патент фаъолиятдошта дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев зимни нишасти хабари имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори чунин соҳибкорон ба беш аз 6 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Ӯ зикр кард, ки дар ин давра шумори соҳибкорони инфиродии бар асоси шаҳодатнома фаъолиятдошта тақрибан ба 9,5 ҳазор нафар афзудааст.

«Яъне як қсмати соҳибкороне, ки қаблан бар асоси патент машғули кор буданд, акнун бо шаҳодатнома фаъолият доранд, зеро номгӯи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ бар асоси патент кам гардид ва инро ба мо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва чанде аз сохторҳои дигар тавсия доданд», – гуфт намояндаи Кумитаи андоз.

Ба гуфтаи Солиев, аксаран низоми патентии Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, даст кашидан аз ин низморо пешниҳод мекарданд ва агар дар мавриди ин масъала ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияву Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир гардад, пас дар онҷо низоми патентӣ тамоман бо тартиби дигар амал карда, дар Тоҷикистон бошад, маблағи муқарраршуда пардохт мегардад.

Дар ҳамин ҳол Солиев таъкид дошт, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ шумори соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон ба миқдори 7,7 ҳазор нафар афзудааст. «Агар оғози сол шумори чунин соҳибкорон беш аз 187 ҳазор нафарро ташкил медод, пас имрӯз он ба 194 ҳазор нафар расидааст», – илова кард номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.