Баррасии мушкилоти ташаккули журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон

Бо ташаббуси намояндагии Фонди Эберт дар Тоҷикистон, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа-консалтинг» пагоҳ, 25-уми июл дар Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти ташаккули журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон» конфронс созмон дода мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори «Медиа-консалтинг» Набӣ Юсуфов хабар дод, дар конфронс масоили ташаккули журналистики сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таъсири вазъи умумии кишвар […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси намояндагии Фонди Эберт дар Тоҷикистон, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа-консалтинг» пагоҳ, 25-уми июл дар Душанбе таҳти унвони «Мушкилоти ташаккули журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон» конфронс созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори «Медиа-консалтинг» Набӣ Юсуфов хабар дод, дар конфронс масоили ташаккули журналистики сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таъсири вазъи умумии кишвар ба он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Оё журналистикаи сиёсӣ бояд мухолиф ё созанда бошад, масъалаҳои мурофиаҳои судӣ ҳамчун воситаи ҳалли мухолифат миёни хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони ВАО ва ҳамчунин таъсири журналистикаи сиёсӣ ба ахлоқи касбии журналистон аз ҷумлаи мавзӯъҳое хоҳанд буд, ки барои шарҳу тавзеҳи онҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, Суди олӣ, Маҷлиси намояндагон, намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон ба конфронс даъват шудаанд», – зикр кард Набӣ Юсуфов.

Ба қавли ӯ, журналистикаи сиёсӣ ҳамеша аз лиҳози як воситаи сиёсатшиносӣ ва мушаххасан инъикоси фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ маънидод мешавад.

«Журналистикаи сиёсиро аксарият ҳамчун бахши доманадори журналистика эътироф мекунанд, зеро ҳама гуна соҳаи иҷтимоӣ – аз илму варзиш то ҳаёти байнулмилалӣ метавонад мавриди баррасии он қарор гирад. Буҳрони дарозмуддати сиёсиву иҷтимоӣ ба таназзули тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ ва оқибат тарки касб кардани мутахассисон аз журналистика боис гардид», – қайд кард роҳбари «Медиа-консалтинг».

Юсуфов мегӯяд, дар робита ба таъсири афзояндаи воситаҳои ахбори умум ҳам ба равандҳои макросиёсиву ҳам ба ташаккули насли наврас, дар шароти кунунӣ ташаккули дурусти касбии журналистикаи сиёсӣ зарур мебошад.

«Он чӣ гуна хоҳад буд, мо дақиқан пешгӯӣ карда наметавонем, вале ҳаёт дар кишвари мо ба гунаест, ки ба чунин журналистон талаботи махсус рӯйи кор меоварад ва аз ин рӯ, дар фаъолияти онҳо набояд каҷравиву нофаҳмӣ ва азҳадравӣ ҷой дошта бошад, ки метавонанд ба падидаҳои ғайримунтазира ва фоҷеанок оварда расонанд», – афзуд коршиноси расонаӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.