Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов пайомадҳои ҳодисаҳои соли гузаштаи Хоруғро шарҳ дода, мегӯяд, ки такрор ёфтани ҳаводиси ҳамсон метавонад бо «худкушии геополитикӣ»-и кишвар анҷом ёбад.
Ба гуфтаи мавсуф, ӯ оид ба воқеаҳои ВМКБ тадқиқот гузаронида, мусоҳибаҳои зиёд анҷом додааст ва дар асоси он хулосаҳои муайяне баровардааст.
Аввалан, ба назари сиёсатшинос, баъди гузаронидани амалиёти низомӣ имиҷу маъруфияти ҳокимияти марказӣ ва ҳукумат дар миёни сокинони ВМКБ, махсусан дар миёни ҷавонон ба таври назаррас коҳиш ёфт.
«Қаблан чунин набуд, шояд ман ҳақ набошам, аммо пештар ба назари ман чунин менамуд, ки президенти мо дар Хоруғ ҳатто нисбат ба Кӯлоб ҳам маъруфияти бештар дошт. Дар байни ҷавонон сатҳи ҷиддии руҳияи тундгароӣ ва сиёсишавии якбора ба назар мерасад. Барои ин анҷом додани тадқиқоти алоҳида лозим нест, танҳо ба интернет-форумҳои донишҷӯён ва сокинони ин минтақа даромадан кифоя аст», – таъкид мекунад Муллоҷонов.
Дуввум, идома дод ӯ, ҳамдигарнофаҳмиро на танҳо гузаронидани амалиёти ҳарбӣ, балки «далелнок набудан ва норавшан будани он барои мардуми оддӣ» ба миён овард.
«Аҳолии вилоят ҳамин тавр фаҳмида натавонистанд, ки барои боздошти якчанд нафари ба куштори генерал шарик истифодаи қисмҳои ҳарбӣ ва техникаи вазнину чархболҳо чӣ зарурат дошт. Ба таассуроти ман, аҳолӣ дар маҷмӯъ то кунун мантиқ ва сабабҳои амалиётро фаҳмида наметавонад. Дарвоқеъ, агар дар вилоят нооромӣ ё бетартибӣ ба миён меомаду аҳолӣ бар зидди ҳукумат ва президент мебаромад, он вақт суоле пайдо намешуд, аммо дар он вақт одамон дар шаҳри орому осуда (умуман, дар минтақаи ҷонибдори ҳукумат) хобиданду саҳар садои гӯшхароши чархболҳо, техникаи вазнини ҳарбӣ, тирпарронӣ ва таркиши снарядҳо аз хоб бедорашон кард. Ин аввал садама, баъдан метавон гуфт ҳатто ҳисси ноадолатӣ ва нафратро барангехт. Бинобар ин, мутаассифона, бисёриҳо метавонистанд амалиёти ҳарбиро чун амалиёти на бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва наздик ба онҳо, балки алайҳи худи аҳолӣ равонашуда қабул кунанд», – қайд мекунад сиёсатшинос.
Ҳамзамон, ба андешаи ӯ, амалиёти безараргардонии қумадонҳои саҳроӣ наздик буд ба муқобилаи зидди аҳолӣ табдил ёбад, аммо «хуб шуд, ки саривақт қатъ гардид».
Хулосаи саввуми сиёсатшинос: ба назари ӯ, амалиёт комилан натиҷаи баръакс дод – ба ҷойи он, ки собиқ қумандонҳои саҳроиро ҷудо намуда, несту нобуд созанд, пояи иҷтимоӣ ва маъруфияти онҳоро махсусан дар миёни ҷавонон таҳким бахшида, ҳатто густариш доданд.
Дар идома сиёсатшинос таъкид кард, ки новобаста аз суботи умумӣ вазъият дар вилоят ва атрофи ВМКБ ҳоло комилан номуайян аст. «То кунун овозаҳо зиёданд – масалан дар бораи гӯё вуҷуд доштани феҳрасте иборат аз 60 ё 80 нафар, ки дар сохторҳои қудратӣ нисбати онҳо парванда боз шудааст. Бо вуҷуди он, ки дар доираҳои расмӣ мавҷудияти феҳраст рад мешавад, овозаҳо боқӣ мемонанд. Маълум нест, ки ин феҳраст вуҷуд дорад ё на, дар он номи кӣ зикр гардидааст ва бо онҳо чӣ хоҳад шуд ва ғайра.
Илова бар ин, изҳороти ноандешида ва аз нигоҳи сиёсӣ ноҳамвори мансабдорон ва сиёсатмадорони «расмӣ» дар ВАО-и марказӣ ба ин раванд таъсири манфӣ мерасонад. Ин гуна изҳорот овозаҳоро (на танҳо дар вилоят, балки дар Душанбе низ) дар хусуси эҳтимоли мавҷудияти нақшаҳо оид ба гузаронидани «марҳилаи дуввум»-и амалиёт ва ё фаъол намудани «феҳрист» ба вуҷуд меоранд. Ҳамаи ин ба боқӣ мондани асабоният ва ҳисси нобоварӣ ба оянда, шубҳа дар муносибат ба нақшаҳои минбаъдаи кормандони сохторҳои қудратӣ мусоидат мекунад. Дар зимн чунин фазо дар оянда метавонад барои фитнаи сиёсӣ аз хориҷ заминаи мусоид фароҳам орад», – мегӯяд Муллоҷонов.
Дар ҳамин ҳол сиёсатшинос таъкид мекунад, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат дар соли ҷорӣ эҳёи эътимоди аҳолии вилоят ба ояндаи босубот ва ба якборагӣ барои ҳамеша аз байн бурдани овозаҳо ва фазои нобоварӣ мебошад. Барои ин рӯйи даст гирифтани як зумра тадбирҳое лозим аст, ки мақсад аз онҳо эҳёи комили эътимод миёни аҳолии вилоят ва ҳукумат мебошад.
«Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар чунин вазъият ба кор бурдани тадбирҳои дорои хислати низомӣ барои паст кардани шиддати иҷтимоӣ монанди хомӯш кардани оташ бо бензин аст. Баръакс, дар ин гуна ҳолатҳо одатан ба сиёсатмадорон зарур аст, ки фаъолият ва азми сохторҳои қудратиро ҳарчӣ бештар назорат намоянд, мутобиқати ҳар як амал ва ташаббуси онҳо бо воқеияти сиёсӣ, мувофиқи мақсад буданашон, марҳилаҳои таъсиррасонӣ ба рафти ҳодиса бояд «дар боло» аз ташхис гузарад. Ин таҷрибаи муқаррарии ҷањонист – кормандони сохторҳои қудратӣ набояд ба сиёсат дахл кунанд, балки маҳз сиёсатмадорон қабл аз он, ки сохторҳои қудратиро вазифадор мекунанд, бояд ҳамаи ҷонибдориҳо ва мухолифатҳоро озмоянд.
«Ва, албатта, дар ягон ҳолат наметавон дар бораи кадом як «марҳилаи дуввум» фикр кард, ки ба бовари қатъии ман дар ҳоли мавҷудияти эҳтимоли тақсимот дар атрофи Тоҷикистон, он метавонад бо «худкушии геополитикӣ»-и мамлакат анҷом ёбад. Ман чунин мешуморам, ки агар мо давлати босуботем, пас кайҳо вақти он расидааст, ки таҷрибаи амалиёти густурдаи ҳарбиро дар минтақаҳои кишвар ба таърихи солҳои 90-ум боқӣ гузорем»,- мегӯяд сиёсатшинос.



