Беш аз 97%-и доруворӣ дар Тоҷикистон воридотианд


– Зиёда аз 97%-и воситаҳои доруворие, ки дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст, аз кишварҳои дигар ворид гардида, ҳамагӣ 3%-и онҳо истеҳсоли корхонаҳои ватанианд, – изҳор кард дар ҷараёни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба воридоти воситаҳои дорувории тиббӣ ба Тоҷикистон 121 субъекти хоҷагидорӣ машғуланд ва шумори нуқтаҳои фурӯши дорувории тиббӣ дар саросари кишвар беш аз 1,7 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

«Мувофиқи маълумоти ба мо расида, 477 субъект барои роҳандозии фаъолияти дорусозӣ иҷозатнома гирифтаанд», – зикр кард Тағоймуродов.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин афзуд, 16 субъекти хоҷагидорӣ дорои иҷозатнома ба истеҳсоли воситаҳои доруворӣ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное