Беш аз 97%-и доруворӣ дар Тоҷикистон воридотианд

– Зиёда аз 97%-и воситаҳои доруворие, ки дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст, аз кишварҳои дигар ворид гардида, ҳамагӣ 3%-и онҳо истеҳсоли корхонаҳои ватанианд, – изҳор кард дар ҷараёни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов. Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба воридоти воситаҳои дорувории тиббӣ ба Тоҷикистон 121 субъекти хоҷагидорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


– Зиёда аз 97%-и воситаҳои доруворие, ки дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст, аз кишварҳои дигар ворид гардида, ҳамагӣ 3%-и онҳо истеҳсоли корхонаҳои ватанианд, – изҳор кард дар ҷараёни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба воридоти воситаҳои дорувории тиббӣ ба Тоҷикистон 121 субъекти хоҷагидорӣ машғуланд ва шумори нуқтаҳои фурӯши дорувории тиббӣ дар саросари кишвар беш аз 1,7 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

«Мувофиқи маълумоти ба мо расида, 477 субъект барои роҳандозии фаъолияти дорусозӣ иҷозатнома гирифтаанд», – зикр кард Тағоймуродов.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин афзуд, 16 субъекти хоҷагидорӣ дорои иҷозатнома ба истеҳсоли воситаҳои доруворӣ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.