Болоравии эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон

Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз афзуда, ба 5,2 млрд. сомонӣ баробар шуд. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, агар ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо таҳлил шавад, маълум мегардад, ки онҳо дар ин нимсола мувофиқан […]

ASIA-Plus


Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз афзуда, ба 5,2 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, агар ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо таҳлил шавад, маълум мегардад, ки онҳо дар ин нимсола мувофиқан 31,2 ва 68,8 фоизро ташкил додаанд.

«Аз ҷумла, ҳаҷми бақияи пасандозҳо дар қиёс ба нимсолаи аввали соли қаблӣ бо пули миллӣ 13,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,4 фоиз афзуд», – зикр мегардад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,7 банди фоизӣ кам гардиданд. «Дар ин давра пасандозҳои шахсони воқеӣ 20,1 фоиз зиёд гардида, 3,3 млрд. сомониро ташкил доданд», – омаддаст дар маълумоти БМТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.