Афзоиши истихроҷ ва истеҳсоли тилову нуқра дар Тоҷикистон

Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 993,89 кило тило ва 855,56 кило нуқра истихроҷ ва коркард шуд. Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл дар ин робита изҳор кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилову нуқраи ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 134,64 ва 40 […]

Заррина Эргашева


Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 993,89 кило тило ва 855,56 кило нуқра истихроҷ ва коркард шуд.

Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл дар ин робита изҳор кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилову нуқраи ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 134,64 ва 40 кило зиёдтар мебошад. «Ҳаҷми пешбинишуда барои соли ҷорӣ бетағйир ва дар сатҳи қаблан изҳоргардида боқӣ мемонанд», – гуфт Муҳиддинов, вале дар бораи ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли тилову нуқраро мушаххас маълумот надод.

Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ қаблан дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки соли равон истихроҷи 3 тонна тило дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида, барои ин корхонаҳои нав таъсис дода мешаванд ва ояндаи наздик коркарди кони тилои пошида оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 дар Тоҷикистон 2,4 тонна тило истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 160,8 кило бештар буд. Истеҳсоли нуқра аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 1,7 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2011 ба миқдори 3,1 кило зиёдтар мебошад. Имсол низ ба ҳамин миқдор истеҳсоли нуқра дар назар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.