Марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи CASA-100 то ахири сол ба итмом мерасад

– Аввали соли 2014 оғози корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон тибқи лоиҳаи CASA-1000 ба нақша гирифта шудааст,- иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 24-уми июл муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов. Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи CASA-1000 то ахири соли ҷорӣ ба итмом расида, то имрӯз қисман сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба татбиқи […]

Заррина Эргашева


– Аввали соли 2014 оғози корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон тибқи лоиҳаи CASA-1000 ба нақша гирифта шудааст,- иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 24-уми июл муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи CASA-1000 то ахири соли ҷорӣ ба итмом расида, то имрӯз қисман сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаи мазкур – воситаҳои бурсиву қарзҳо аз ҷониби ниҳодҳои молии байнулмилалӣ муқаррар шудаанд.

«Имзои созишномаи бисёрҷониба миёни чор кишвар дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, ҳар кадоме аз кишварҳо алоҳида оид ба хариду фурӯши нерӯи барқ созишнома ба тасвиб мерасонад. Ғайр аз ин, миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи ҳамоҳангсозӣ ба имзо мерасад, зеро ин давлатҳо барқи худро мефурӯшанд», – зикр кард Муҳиддинов.

Муовини аввали вазир таъкид намуд, ки ин ҷо сухан сари фурӯши барқ дар мавсими тобистон меравад, ки барзиёдатии он мавҷуд аст ва дар мавсими зимистон Тоҷикистон барқ намефурӯшад. «То ахири соли 2013 барои амалисозии лоиҳа дар қаламрави худ ҳар кадоме аз давлатҳо бояд паймонкор ва ҳамчунин паймонкори кулли тамоми лоиҳаро интихоб намояд», – афзуд номбурда.

Дар лоиҳаи CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ 1000 МВт) сохтмони хатти баландшиддати барқ ва роҳандозии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад. Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар буда, анҷоми он соли 2017 дар назар аст. Тибқи маълумоти пешакӣ масофаи хатти баландшиддати барқи лоиҳа 970 километрро ташкил хоҳад дод.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши нерӯи барқ дар Покистон, ки истеъмолгари асосии нерӯи барқи содиротшуда маҳсуб меёбад, мутобиқи тарҳи фанииву иқтисодии лоиҳа, 9 сент барои 1 кВт/соати ҳаҷми кафолатнок ва 13 сент барои ҳаҷми ғайрикафолатноки интиқолро ташкил медиҳад. Арзиши интиқол тавассути хатти CASA-1000 ба 4,9 сент барои 1 кВт/соат баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.