Ҳисор: Боздошти 37 ронандаи ҷавони қонуншикан дар як шаб


Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов зимни нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл хабар дод, ки пас аз таъини ӯ ба мансаби раиси ноҳия дар моҳи феврали соли ҷорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати ошкор кардани афроди дастдошта дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ якчанд рейдҳо гузаронидаанд. Доир ба тафсилоти яке аз рейдҳо, ки дар ҷараёни он 37 нафар ронандагони ҷавони қонуншикан боздошт шудаанд, ӯ чунин гуфт:

«Мо ҳамроҳ бо сардори милисаи ноҳия Валиҷон Табаров сарулибоси варзишӣ ба бар карда, ба макони пойгаи мошинронӣ ҳозир шудем ва бо пардохти 100 сомонӣ дар пойга иштирок кардем. Вақте дар масъалаи муайян кардани ғолиби пойга миёни онҳо баҳс ба вуҷуд омад, мо ҳамчун шахсони нисбатан калонсолу кордида ба ҳалли баҳс кӯшиш кардем. Онҳо пай намебурданд, ки мо кистем. Аз онҳо дархост намудем, ки ҳуҷҷатҳои ҳамаи иштирокчиёнро диҳанд ва онҳо ин дархости моро иҷро карданд. Дар охири пойга 37 нафар ҷавононро боздошт карда, ба чор нафар муяясар шуд, ки фирор намоянд, вале ҳуҷчатҳои онҳо дар дасти мост. Ду нафари иштирокчии пойга умуман ҳуҷҷати ронандагӣ надоштанд. Ҳамаи онҳо намояндагони ба истилоҳ «ҷавонони тилоӣ»-и синни аз 15 то 25-сола мебошанд».

Раиси ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор имсол ҳосили хуби зироати ғалладона ба даст овардаанд ва соли равон ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас зиёдтар аст.

«Аллакай 15 ҳазору 816 тонна гандум ва дигар зироатҳо ҷамъоварӣ шуданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,5 маротиба зиёдтар аст. Ҳосили сабзавот ҳудуди 11 ҳазор тонна (2,7 маротиба зиёдтар аз соли гузашта)-ро ташкил дод», – иброз дошт Усмон Сабзов.

spot_imgspot_img

Популярное