Бунёди ҳуҷраи намозгузорӣ дар терминали нави фурудгоҳи пойтахт

Дар терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бунёди ҳуҷраи намозгузорӣ пешбинӣ шудааст. Муҳандиси терминали нави фурудгоҳ Одил Бобоев ҳангоми боздид аз майдони сохтмони терминал дар ин робита изҳор намуд, ки чун ҳудуди 95%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд, тасмим гирифта шудааст, ки дар терминал ҳуҷраи намозгузорӣ бунёд гардад. «Дар ин ҳуҷра дар як вақт ҳудуди 35 нафар ибодат […]

ASIA-Plus


Дар терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бунёди ҳуҷраи намозгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳандиси терминали нави фурудгоҳ Одил Бобоев ҳангоми боздид аз майдони сохтмони терминал дар ин робита изҳор намуд, ки чун ҳудуди 95%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд, тасмим гирифта шудааст, ки дар терминал ҳуҷраи намозгузорӣ бунёд гардад. «Дар ин ҳуҷра дар як вақт ҳудуди 35 нафар ибодат карда метавонанд», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки майдони умумии терминали нави фурудгоҳ 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар он 2 зинапояи телескопии дорои имкони хизматгузорӣ ба 4 ҳавопаймо ва 19 нуқтаи бақайдгирӣ гузошта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли гузашта ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.