Таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ барои интихоби аъзои нави Маҷлиси миллӣ

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон аз 25-уми июл, барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаҳои интихобтии №3-и вилояти Хатлон, №4-и ВМКБ ва №5-и ноҳияҳои тобеи марказ комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ таъсис дода шуданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, маъракаи интихоботи аъзои […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон аз 25-уми июл, барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаҳои интихобтии №3-и вилояти Хатлон, №4-и ВМКБ ва №5-и ноҳияҳои тобеи марказ комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ таъсис дода шуданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, маъракаи интихоботи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ муқаррар шудаанд.

«Бо фармони раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён, дар ҳавзаҳои мазкур оид ба омодагирӣ ва баргузории ин маърака гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони КМИР ҶТ шомиланд. Гурӯҳҳои корӣ мунтазам аз рафти омодагӣ ба ин маърака ҳисобот хоҳанд дод», – гуфт сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки 4-уми июли соли равон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пас аз баррасии аризаи Гулхоҷа Ҷангибеков, Султон Валиев ва Баҳриддин Солиҳов оид ба қатъи пеш аз мӯҳлати ваколати онҳо ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумон қарор қабул карданд. Ҳамзамон вакилони мазкур аз ҳайати кумитаҳои дахлдори палатаи болоии парлумон хориҷ карда шуданд.

Моҳи марти соли 2012 онҳо мутаносибан аз ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аъзои МММО ҶТ интихоб шуда буданд. Моҳи феврали соли равон С.Валиев ва Б.Солиҳов аз мансабҳои раиси ноҳияҳои Восеъ ва Хатлон озод гардиданд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 11-уми майи соли 2012 Гулхоҷа Ҷангибеков аз мақоми ректори Донишгоҳи Хоруғ сабукдӯш карда шуд.

Палатаи болоии парлумон аз 33 вакил иборат буда, мувофиқи Конститутсияи ҶТ, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо роҳи ғайримустақим тавассути овоздиҳии пӯшида дар ҷамъомадҳои муштараки вакилони мардумии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.

Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳо, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди баробари намояндаҳо – ҳар кадоме 5 вакил доранд.  Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 вакил) президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват фаъолият менамояд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ва ё таъин гардад.

Ҳар як президенти собиқи Тоҷикистон то охири умр аъзои Маҷлиси миллӣ маҳсуб мешавад, агар ӯ аз ин ҳуқуқи худ даст накашад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.