Кормандони бахши омори деҳот бо интернет таъмин мешаванд

Барои саривақт пешниҳод шудани маълумот ба шуъбаҳои омори ноҳиявӣ, то ахири соли равон кормандони бахши омори 100 ҷамоати Тоҷикистон бо дастрасӣ ба шабакаи Интернет таъмин карда мешаванд. Ин иқдом дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ», ки аз ҷониби Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Агентии омори назди президенти ҶТ […]

Пайрав Чоршанбиев


Барои саривақт пешниҳод шудани маълумот ба шуъбаҳои омори ноҳиявӣ, то ахири соли равон кормандони бахши омори 100 ҷамоати Тоҷикистон бо дастрасӣ ба шабакаи Интернет таъмин карда мешаванд.

Ин иқдом дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ», ки аз ҷониби Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Агентии омори назди президенти ҶТ амалӣ мегардад, сурат мегирад. Буҷети лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, 2 млн. евроро ташкил медиҳад.

Дар нишасти хабарии рӯзи 25-уми июл менеҷери миллии лоиҳаи мазкур Сангинбой Сангинов изҳор кард, ки аз оғози амалисозии лоиҳа нақшаи гузариш аз таҳқиқоти пурраи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таҳқиқоти интихобӣ таҳия гардида, барои 256 нафар кормандони бахши омор дар 56 ноҳия тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шудаанд.

«Тамоми ин корҳо ба қабули маълумоти бештар боэътимод дар бораи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд», – гуфт Сангинов.

Менеҷери лоиҳа ҳамчунин зикр кард, ки самти дигари кори лоиҳа аз таҳияи методологияи таҳқиқоти интихобии хонаводаҳое иборат аст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд.

«Баҳри самарабахшӣ ба фаъолияти кормандони бахши омори ҷамоатҳо, ба онҳо 100 адад ноутбук дода шуда, барои 150 нафари онҳо машғулиятҳои омӯзиши компютер доир гардиданд», – иброз дошт Сангинов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.